Ссылки доступа

Ҳабси як қирғизистонӣ дар Москва бо айби ташкили теракт


Додгоҳе дар шаҳри Москваи Русия зодаи Қирғизистон Талант Онуров, соли таваллудаш 1989-ро ҳабс кард. Кумитаи тафтишотии Русия ӯро дар омодагӣ ба теракт айбдор мекунад.

Сафорати Қирғизистон дар Москва хабар дод, ки ҷузъиёти ҳодисаро аз мақомоти Русия дархост кардааст, аммо то кунун дақиқ нест, ки оё ҳабсшуда воқеан шаҳрвандии Қирғизистонро дорад, ё на.

"Ба иттилои тафтишот, моҳи сентябри соли 2019 Онуров аз Қирғизистон бо ҳадафи анҷоми ҳамлаи террористӣ ба Москва омадааст. Давоми як моҳ боздоштшуда ҳаммаслак ҷустуҷӯ карда, тарзи таҳияи таркишро омӯхта, навор тамошо кардааст ва инчунин макони содирсозии таркишро интихоб намудааст. Дар ҷараёни бозпурсӣ вай айбҳои эълоншударо эътироф кард", - хабар дод намояндаи Кумитаи тафтишотии Русия Юлия Иванова.

Дар сурати исботи айб эҳтимол аст, Онуров то 15 сол зиндонӣ шавад. Дар ҳоли ҳозир додгоҳ ӯро то 1 январи соли 2020 ба ҳабси пешакӣ гирифтааст.

Як манбаъ хабар дод, ки Онуров 1 ноябр боздошт шудааст.

XS
SM
MD
LG