Ба гуфтаи хешовандони зиндониён, баъди роҳбари зиндон таъйин шудани Сергей Саргушкин шароити нигаҳдорӣ сахттар шудааст. Вақтҳои охир муносибати бераҳмона нисбати зиндониён шиддат гирифтааст, мегӯянд наздикони зиндониён.
"Ҳолатҳое буд, ки ҷойнамозҳои зиндониёнро ҷамъ оварда, дар ҳоҷатхона мепартофтанд ва ин боиси норизоии маҳбусон мешуд", - гуфт яке аз хешовандони зиндониён.
Давоми 5 моҳи охир ин бори дувум аст, ки маҳбусон гуруснашинӣ эълом мекунанд. Моҳи июни соли ҷорӣ наздики 60 тан аз зиндониён даст ба гуруснашинӣ заданд. Онҳо аз шиканҷа шудан шикоят карда буданд.