Ссылки доступа

Мақомоти Қирғизистон фурӯши иттилои шиносномаҳои шаҳрвандонро шарҳ доданд


Маркази матбуотии Хадамоти бақайдгирии давлатии Қирғизистон ташаббуси ба бонкҳо, муассисаҳои моливу қарзӣ, нотариусҳо ва ширкатҳои мобилӣ фурӯхтани иттилои мавҷуд дар шиносномаҳои шаҳрвандонро шарҳ дод.

Ба иттилои ин ниҳод, баъди ворид кардани шиносномаҳои ID дар соли 2017 дар Қирғизистон бисёре аз иттилои шаҳрвандон дар чипи электронӣ нигаҳ дошта мешавад, ки коркарди ин иттилоъ дастгоҳҳои махсусро талаб мекунад.

"Ба далели мавҷуд набудани дастгоҳҳои махсус дар бисёре аз муассисаҳо аз Хадамоти бақайдгирии давлатӣ дархост шуд, ки дар амри ҷамъоварии иттилои шаҳрвандон кумак расонад. Аз 1 декабри соли 2017 то 1 декабри соли 2019 иттилои шаҳрвандон дар ҳолати таҷрибавӣ тавассути пойгоҳи электронии Хадамоти давлатии бақайдгирӣ ба ихтиёри муассисаҳо гузошта мешавад", - омадааст дар хабари Хадамот.

Бо ризоияти шаҳрванд иттилои зерин дар ихтиёри муассисаҳо гузошта мешавад: рақами мушаххаси шаҳрванд, насаб, ном, номи падар, санаи таваллуд, рақами ҳуҷҷат, мақоме, ки ҳуҷҷатро додааст, санаи додани ҳуҷҷат, муҳлати он, ҷинс, акси рақамии чеҳра, макони зист, вазъи хонаводагӣ.

"Иттилои мазкур танҳо барои тасдиқи маълумот дода мешавад. Дар ҳоли ҳозир пешниҳоди иттилои номбаршуда хадамоти давлатӣ буда, дар ивази маблағ дастрас мешавад", - шарҳ доданд дар Хадамоти давлатии бақайдгирӣ.

Пештар аз ин Вазорати адлияи Қирғизистон хабар дод, ки иттилои шиносномаҳои шаҳрвандонро дар ихтиёри муассисаҳои молӣ, ширкатҳои мобилӣ ва нотариусҳо мегузорад.

XS
SM
MD
LG