Ссылки доступа

Аз ҳукумати Қазоқистон хостанд, барои ҳифзи минтақаи Кок-Жайляу иқдоми амалӣ анҷом диҳад


Ҷамъияти муҳитзистии "Наҷоти сабз" аз ҳукумати Қазоқистон хост, ки минтақаи Кок-Жайляуро дар куҳҳои наздики Алмато ба ихтиёри боғи миллии Иле-Алатау баргардонад.

Дар изҳороти ҷамъият омадааст, ки минтақаи Кок-Жайляу ҳанӯз ҳам "ба заминҳои захиравии ноҳияи Медеуи шаҳри Алмато шомил мешавад ва барои сохтмони маҷмаи лижаронӣ пешбинӣ шудааст". Фаъолони муҳитзистӣ мегӯянд, ин ҳолат ба ҳокими шаҳр иҷозат медиҳад, ки минтақаи мазкурро худсарона истифода барад.

Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон охири моҳи октябр дар сафараш ба шаҳри Алмато гуфта буд, ки иҷозаи сохтмони лижарониро дар минтақаи Кок-Жайляу намедиҳад. "Ба хотири он ки ҳар дафъа ба ин мавзуъ барнагардем, ман имрӯз амалисозии ин лоиҳаро манъ мекунам. Яъне сохтмони маҷмаи лижарониро. Он ба мо даркор нест", - гуфта буд Тоқаев.

XS
SM
MD
LG