Ссылки доступа

Бе бӯсу канор ва тани урён. Филмҳои Румӣ (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Осиё: кӣ интернети озод дорад. Freedom House: вазъи озодии интернет дар Қазоқистон бад шудааст. Сафари Раҳмон ба Швейтсария: фаъолони мамнуи "Гуруҳи 24" даст ба тазоҳурот заданд. Сокинони Қирғизистон нигаронанд, ки дар фасли сармо бе барқу гармӣ мемонанд. Фарзандони раҳбарони Осиёи Марказӣ: онҳо киҳо ҳастанд? (видеои Настоящее время)

- Сэм Паркер: Қарзҳои азими Чин пайомади хос доранд. Сэм Паркер, пажӯҳишгари амрикоӣ, мегӯяд, Тоҷикистон дар баробари қарзҳои ҳангуфти Чин бояд эҳтиёткор бошад ва "андеша кунад, ки ба кадом роҳ меравад". Роҳе, ки ба гуфтаи Сэм Паркер дар сурати беэҳтиётӣ метавонад захираҳои табиии Тоҷикистонро дар ихтиёри Чин қарор диҳад (видео)

- Баҳси Душанбеи наву кӯҳна дар мизи гирди Радиои Озодӣ. Дар шаҳри Душанбе тахриби биноҳое, ки дар солҳои бистум ва сиюми асри гузашта сохта шудаанд, идома дорад. Баъзе аз сокинону муаррихон ба зидди вайрон кардани биноҳои қадимӣ ҳастанд ва мегӯянд, ҳудуди пойтахт аз ҳисоби заминҳои атроф васеъ карда шавад. Намояндагони мақомот чӣ мегӯянд? (видео)

- Гузориш аз Лоҳур, наздикии маҳалли ҳамла ба дидбонгоҳи марзӣ. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ҳамла ба дидбонгоҳи марзӣ кори ДОИШ аст (видео)

- Бе бӯсу канор ва тани урён. Филмҳои Румӣ. Румӣ Шоазимов, коргардони 26-солаи тоҷик, мегӯяд, бар хилофи ақидаи роиҷ, ки филмҳои муосир бе саҳнаи бӯсу канор тамошобин намеёбанд, дар офаридаҳояш чунин лаҳзаҳоро ҷой намедиҳад. Интихоби ӯ жанри афсона аст, то дасти дарози сензура сенарияи филмҳояшро қайчӣ накунад (видео)

- Эътирозҳои хунини Ироқ идома доранд (видео)

- Гулнораву фарзандонаш аз вагон ба хонаи гарм кӯчиданд. Барои 4 моҳ? (видео)

- "Сахт пазмон шудам, бе ӯ ҷаҳон тира аст." Як сол бе Марат Орифов. Аз марги коргардон ва ҳунарманди маъруфи тоҷик Марат Орифов як сол гузашт. Пайвандонаш гуфтанд, ки набудани ӯ дар хона ҳар лаҳза эҳсос мешавад. Ҳамкорони пешинаш ба ин боваранд, ки рафтани Орифов натанҳо ба хонавода, балки ба кори кинои тоҷик ҳам бетаъсир намонд (видео)

- Занони қирғиз барои вакил шудан омодагӣ мегиранд. Дар интихоботи гузаштаи маҷлисҳои маҳаллӣ дар Қирғизистон ба Ойгул Айтикеева ҳамагӣ чанд овоз нарасид, ки пирӯз шавад, ҳарчанд аз миёни 8 зани довталаб раъйи бештар ба даст овард. (видео)

- Ҷунайдулло Худоёров: "Ифшои камбудҳои мақомот маро паси панҷара бурд". Ҷунайдулло Худоёров, яке аз фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ, баъди раҳоӣ аз маҳбас гуфт, танқидҳои пайваста аз кори мақомоти ноҳияи Рашт сабаби паси панҷара афтодани ӯ шудааст. Худоёров бо ҷурми ифротгароӣ тақрибан ду солро дар зиндон гузаронд ва рӯзи 28-уми октябр бар асоси қонуни афв озод гардид (видео)

- Ҳунарманди тоҷик дар филми туркӣ нақш бозид (видео)

- Дар Бишкек ҳаракати "Умут 2020"-ро муаррифӣ карданд (видео)​

- Ҷавононро вақте ки "сарбозшикор" мекунанд, куҷо мебаранд? Рӯзи 31-уми октябр беш аз як соат пушти дари комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино мунтазир будем, то бо масъулон дар робита ба шикояти Сомон ва чанд нафари дигар, ки гуфтанд, фарзандонашонро маҷбурӣ ба ин идора овардаанд, ҳамсӯҳбат шавем. Касе ҳозир нашуд, ки ба суолҳои мо посух диҳад (видео)

- Ҷоизаи ҷасорат. Қадрдонӣ аз навраси 11-солаи тоҷик дар Русия. Бахтиёр Усмонов, навраси 11-солаи тоҷик, ки тобистони имсол дар вилояти Хабаровски Русия дӯсташ Славаро аз дохили чоҳи оби ҷӯш наҷот дод, бо медали "Барои ҷасорат" қадрдонӣ шуд (видео)

- Азоби кӯдакони "ноаён"-и муҳоҷирон дар Тоҷикистон. Бино ба натиҷаҳои як пажӯҳиш, садҳо кӯдаки муҳоҷирони тоҷик дар кишвар шаҳодатномаи таваллуд надоранд ва аз гирифтани имтиёзҳои иҷтимоӣ маҳруманд. Яъне, ҷисман ҳастанд, вале номашон дар ҷое сабт нашудааст (видео)

- Рӯзи арвоҳ дар Душанбе. Дар Тоҷикистон ин ҷашн ҷонибдору мухолиф дорад. Мухолифонаш бар инанд, ки миллӣ нест ва онро нашояд таҷлил кард (видео)

- Марде дар Қазоқистон мағозаро ба додгоҳ кашид: вай талаб дорад, ки таркиби маҳсулот бо забони қазоқӣ навишта шавад (видеои Настоящее время)

- Бо чатр - зидди рӯзноманигорон. Хабарнигороне ки иқдомҳои эътирозиро дар Қазоқистон инъикос мекунанд, аз дахолати мардони чатрдор шикоят доранд. Мардони ниқобпӯш ва чатрдор монеи наворгирии хабарнигорон мешаванд. Шахсияти онҳо ошкор нашудааст, аммо зоҳиран пулис ба онҳо коре надорад (видео)

- Хонаводае ки аз офати табиӣ зарир дида буд, ба манзили нимавайрона баргашт (видео аз Директ)

- Оё занони қирғиз ба фаъолияти сиёсӣ омодаанд? Дар сиёсати Қирғизистон саҳми занон кам аст. Дар порлумон онҳо ҳамагӣ 6% ва дар мақомоти маҳаллӣ каме бештар аз 10%-ро ташкил медиҳанд (видео аз Директ)

- Шоҳидони парвандаи импичменти Трамп дар Конгресс аз чӣ суҳбат мекунанд? (видеои Настоящее время)​

- Қонуни Русия дар бораи "Интернети мустақил" чи гуна амал хоҳад кард? (видео аз Директ)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG