Ссылки доступа

Кремл таҳқиқи таҳдидҳои Рамзан Қодировро рад кард


Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков гуфт, Кремл изҳороти раисҷумҳури Чеченистон Рамзан Қодировро таҳқиқ нахоҳад кард.

Телевизиони "Грозний ТВ" 5 ноябр навори ҷаласаи ҳукумати Чеченистонро намоиш дод ва дар он раиҷумҳур Қодиров аз онҳое ба шиддат интиқод мекунад, ки ба гуфтаи ӯ, "ваҳдати мардумро ба ҳам зада, ғайбат мекунанд ва низоъ бармеангезанд".

"Агар онҳоро боз надорем, накушем, зиндонӣ накунем ё натарсонем дар кишвар коре карда наметавонем", ҳушдор медиҳад Қодиров. Сипас ӯ ба хадамоти махсус, пулис, мақомоти маҳаллӣ ва созмонҳои ҷамъиятии Чеченистон мегӯяд, "агар тамоми қонунҳо ҳам нақз шаванд", шахсияти онҳоеро муайян ва таъқиб кунанд, ки дар интернет таҳқир мекунанд.

Кадыров призывает "убивать, сажать, пугать" тех, кто "оскорбляет честь" в интернете
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:01:08 0:00

"Онҳоеро, ки шарафро паст мезананд, ором нахоҳем гузошт. Бо китоби Қуръон қасам мехурам, ки ором намегузорем. Ба хотири барқарор кардани шараф омодаам, ҳамагуна муҷозотро қабул кунам. 45 сол дорам, дар ин дунё дигар чӣ метавонам кард?", - меафзояд Қодиров.

Песков дар шарҳи изҳороти раисҷумҳури Чеченистон гуфт, ба суханҳои Қодиров бояд мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баҳо диҳанд. Ӯ гуфт, ҳатто ба дуруст будани тарҷумаи хабарнигори Би-би-сӣ, ки аввалин шуда суханҳои Қодировро аз забони чеченӣ ба русӣ баргардон кардааст, шубҳа дорад.

XS
SM
MD
LG