Ссылки доступа

"Қорӣ ишкамба" ба Русия рафт ва бо ҷоиза баргашт (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ҳамлаҳои тундравон дар Тоҷикистон тайи 5 соли ахир​. (видео аз Директ)​

- "Қорӣ ишкамба" ба Русия рафт ва бо ҷоиза баргашт. Ҳунармандони театри мусиқӣ - драмавии шаҳри Конибодом намоишномаи "Қорӣ ишкамба"-ро ба Русия бурданд. Ин намоишнома дар шаҳри Нижневартовск бо забони русӣ ба саҳна гузошта шуд ва дар ҷашнвораи "Дидори шимолӣ" соҳиби ҷоиза низ шуд (видео)

- Маросими дафни марзбони кушташуда дар ҳамла ба "Султонобод". Иззатулло Латифов, яке аз қурбониёни ҳамла ба дидбонгоҳи "Султонобод", рӯзи 7-уми ноябр дар маҳаллаи Қазоқони шаҳри Душанбе дафн карда шуд. Пайвандонаш гуфтанд, ӯ 25 сол дошт ва пас аз адои хидмати ҳарбӣ ҳамчун афсари қарордодӣ дар қисми марзбонии "Султонобод" кор мекард (видео)

- 90 соли театри тоҷик. Дар Тоҷикистон аз 90-умин солгарди таъсиси театр дар кишвар таҷлил карданд. Соҳибназарон мегӯянд, театри тоҷик дар ин муддат марҳилаҳои гуногунро гузашта, феълан бо мушкилоти фаровоне рӯ ба рӯст (видео)

- Талафоти низомиён дар Султонобод бештар ва 5 нафар будааст (видео)

- Афсари куштшуда дар ҳамла ба дидбонгоҳи "Султонобод" ба хок супурда шуд. (нигористон)

- Осиё: 25 соли Конститутсия – қонуни асосии Тоҷикистон чи гуна тағйир ёфт. Ҳамла ба як дидбонгоҳи марзии Тоҷикистон: 2 қудратӣ ва 15 ҷангҷӯ кушта шуданд. Дар Ӯзбекистон интернет арзон мешавад. (видеои Настоящее время)

- Задухурди сокинони маҳаллӣ ва коргарони турк дар Самарқанд. (видео)​

- Сэм Паркер: Қарзҳои азими Чин пайомади хос доранд. Сэм Паркер, пажӯҳишгари амрикоӣ, мегӯяд, Тоҷикистон дар баробари қарзҳои ҳангуфти Чин бояд эҳтиёткор бошад ва "андеша кунад, ки ба кадом роҳ меравад". Роҳе, ки ба гуфтаи Сэм Паркер дар сурати беэҳтиётӣ метавонад захираҳои табиии Тоҷикистонро дар ихтиёри Чин қарор диҳад (видео)

- Баҳси Душанбеи наву кӯҳна дар мизи гирди Радиои Озодӣ. Дар шаҳри Душанбе тахриби биноҳое, ки дар солҳои бистум ва сиюми асри гузашта сохта шудаанд, идома дорад. Баъзе аз сокинону муаррихон ба зидди вайрон кардани биноҳои қадимӣ ҳастанд ва мегӯянд, ҳудуди пойтахт аз ҳисоби заминҳои атроф васеъ карда шавад. Намояндагони мақомот чӣ мегӯянд? (видео)

- Гузориш аз Лоҳур, наздикии маҳалли ҳамла ба дидбонгоҳи марзӣ. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ҳамла ба дидбонгоҳи марзӣ кори ДОИШ аст (видео)

- "Сахт пазмон шудам, бе ӯ ҷаҳон тира аст." Як сол бе Марат Орифов. Аз марги коргардон ва ҳунарманди маъруфи тоҷик Марат Орифов як сол гузашт. Пайвандонаш гуфтанд, ки набудани ӯ дар хона ҳар лаҳза эҳсос мешавад. Ҳамкорони пешинаш ба ин боваранд, ки рафтани Орифов натанҳо ба хонавода, балки ба кори кинои тоҷик ҳам бетаъсир намонд (видео)

- Дар Бишкек ҳаракати "Умут 2020"-ро муаррифӣ карданд (видео)​

- Хонаводае ки аз офати табиӣ зарир дида буд, ба манзили нимавайрона баргашт (видео аз Директ)

- Қонуни Русия дар бораи "Интернети мустақил" чи гуна амал хоҳад кард? (видео аз Директ)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG