Ссылки доступа

Туркманистониҳое, ки барои "бачабозӣ" муҷозот шуда буданд, ба пулис даъват мешаванд


Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Туркманистон ҳамҷинсгароён ва онҳоеро барои "суҳбат" даъват мекунанд, ки бо ҷурми "бачабозӣ" (банди 135-и Кодекси ҷиноии ин кишвар) зиндонӣ шуда буданд.

"Барои суҳбат онҳоеро даъват мекунанд, ки ҳамчун ҳамҷинсгаро шинохта шудаанд. Ҳатто онҳоеро низ даъват доранд, ки замони раҳбарии Сафармурод Ниёзов дар солҳои 1985-2006 ба далели ҳамҷинсгаро буданашон ба хидмати ҳарбӣ ҷалб нашуданд. Ҳамчунин бо онҳое "суҳбат" доранд, ки бо ҷурми "бачабозӣ" зиндонӣ шуда буданд", - иттилоъ дод хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ.

Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 5 ноябр ба вазири амнияти миллии ин кишвар Яйлим Бердиев огоҳии ҷиддӣ дод. Як манбаъ дар ҳукумати Туркманистон гуфт, Бердимуҳаммадов ба ғазаб омадааст, ки дар расонаҳои хориҷӣ "матлаби шармовар барои туркманҳо" нашр шудааст. Ӯ ҳамчунин изҳори норозигӣ кардааст, ки қаҳрамони матлаб ба монанди худи президент намояндаи касби тиббист.

Табиби бемориҳои дил аз Туркманистон Қосимбердӣ Гараев ахиран дар суҳбат бо расонаҳо иқрор кард, ки ҳамҷинсгаро аст. Ӯ афзуд, ки бо вуҷуди фаъолияти амакаш дар хадамоти муҳофизати президенти Туркманистон зери фишор аст. Ба гуфтаи Гараев, ӯ баъд аз таҳсил дар Белорус ба ватан баргашта, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ бо ҷавоне шинос шуд ва дертар маълум гашт, ки ба доми кормандони пулис афтидааст. Агар ӯро падару амакаш наҷот намедоданд, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешуд.

Гараев 24 октябр, пас аз чанд рӯзи нашри суҳбаташ дар сомонаи бахши туркмании Радиои Озодӣ ба пулис даъват шуд.

Дар Туркманистон барои ҳамҷинсгароӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ мекашанд.

Дар бемористони шаҳри Ишқобод, ки Гараев онҷо кор мекард, ба бахши туркмании Радиои Озодӣ гуфтанд, "табибе бо ин ном дигар надорем".

XS
SM
MD
LG