Ссылки доступа

Сарватманде дар Москва барои муҳоҷирон табобати ройгон ташкил кард


Дар шаҳри Москваи Русия Бунёди молии Фаттоҳ Шодиев ва Калисои православии Русия барои муҳоҷирон ёрии ройгони тиббӣ ташкил карданд.

Аз мақомоти бемористони марказии Руҳонӣ Алексия, ки хизматрасонии мазкур онҷо ба роҳ монда шудааст, хабар доданд, дар ҳафта ба 10 тан аз муҳоҷирон табобати ройгон расонида мешавад.

"Дар ҳақиқат, табиби мо хизмати ройгон мерасонад. Маҳдудияти синну солӣ мавҷуд нест. Танҳо шумори одамон маҳдуд аст: мо метавонем, ду маротиба дар ҳафта панҷ нафариро қабул кунем. Барои ин бояд аз қабл тавассути телефон номнавис кард", - гуфт навбатдори бемористон.

XS
SM
MD
LG