Ссылки доступа

Русия қонуни рӯзноманигорони "агенти хориҷӣ"-ро қабул кард


Думаи давлатии Русия дар қироати севум лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи "агентҳои хориҷӣ"-ро қабул кард, ки бар асоси он, минбаъд шахсони воқеӣ низ "агент" номида хоҳанд шуд. Барои намуна, онҳое, ки дар расонаҳо кор мекунанд ё дар Интернет матлаб нашр менамоянд, аллакай "агент" ҳастанд.

Мақомоти Русия "Радиои Озодӣ", "Садои Амрико" ва телевизиони "Настояшее Время"-ро "агенти хориҷӣ" эътироф кардаанд.

Тағйиру иловаҳо ба шахсоне дахл хоҳад дошт, ки барои паҳни матлаб аз кишвар, ниҳод, шаҳрванд ё созмони хориҷӣ ва расонаи "агенти хориҷӣ" барои паҳни иттилоъ "пул ё амвол" дарёфт мекунад.

Қонун дар бораи "агентҳои хориҷӣ"-и Русия соли 2012 қабул шуд. Дар аввал он ба созмонҳои ғайритиҷорие дахл дошт, ки аз хориҷ сармоягузорӣ мешуданд. Бештари созмонҳои ғайридавлатии Русия дар пайи қабули қонун беҳтар донистанд, ки фаъолиятро қатъ кунанд. Ҳоло ин "унвон" ба Бунёди мубориза бо фасоди мухолифи рус Алексей Навалний ҳам дода шудааст. Ҳомиёни ҳуқуқи рус ин қонунро як навъ фишор ба созмонҳои "нодаркор" меноманд.

"Тағйиру иловаҳои қабулшуда ба қонун "Дар бораи расонаҳо -- агентҳои хориҷӣ" аз сӯи порлумони Русия ба қатори "кӯшишҳои хатарнок ва афзояндае шомил мешавад, ки ба таъқиби рӯзноманигорони Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ва расонаҳои дигари хориҷӣ" равона шудаанд ва қадами навбатӣ барои он аст, ки шаҳрвандони Русия танҳо иттилои мавриди назари Кремлро дарёфт кунанд", - изҳор дошт президенти Радиои Озодӣ Ҷеймӣ Флай.

XS
SM
MD
LG