Андоз аз арзиши иловашуда барои мошинҳои барқие бекор карда мешавад, ки дар корхонаҳои Қирғизистон истеҳсол шудаанд. Ҳамчунин ҳангоми воридоти мошинҳои барқӣ ва қисмҳои эҳтиётии онҳо боҷ ситонида нахоҳад шуд.
"Лоиҳаи қонун барои мошинҳои барқӣ ва қисмҳои эҳтиётии онҳо, ки дар кишвар истеҳсол ё аз хориҷ ворид карда мешаванд, имтиёзи андозӣ пешбинӣ мекунад. Ин як навъи ҳавасмандкунии шаҳрвандон ба гирифтани мошини барқӣ хоҳад буд", - мегӯянд вакилони қирғиз.
Пештар сарвазири Қирғизистон Муҳаммадқулӣ Абилғозиев дастур дод, ки барномаи тағйири парки автомобилии ниҳодҳои давлатӣ ба мошинҳои барқиро бе ҷудо кардани маблағи иловагӣ аз буҷаи давлат таҳия кунанд.