Ссылки доступа

Масъулони зиндонҳо ва боздоштгоҳҳои Ӯзбекистон аз мақом барканор шуданд


Бо фармони президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев наздики 10 тан аз мақомдорони баландпояи вазорати корҳои дохилии он кишвар барканор шуданд.

Миёни онҳо муовини вазири корҳои дохили, сардори Сарраёсати хадамоти посгоҳиву назоратӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, инчунин Фармондеҳии неруҳои навбатдори ВКД ҳастанд.

Мансабдорон инро "поккорӣ" унвон карданд. Гуфта мешавад, ин поккорӣ баъди хабари шиканҷаи давомдор дар зиндонҳо ва боздоштгоҳҳо, куштори одамон ва озодсози бархе аз зиндониҳои дигар бар ивази пора, рӯи даст гирифта шудааст.

Абдулло Орипов, рӯзи 19 ноябр бо иштироки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷаласа баргузор кард.

"Орипов фармони президентро дар бораи барканории муовини вазир Муҳиддин Ҷӯраев қироат кард. Яке аз сабабҳои барканории Ҷӯраев афзоиши одамон дар боздоштгоҳҳо гуфта мешавад. Ахиран дар бораи марги як марде хабар расид, ки дар ноҳияи Булунгур дар бозпурсии пулис фавтид. Хонаводаи вай даъво дорад, ки шавҳараш дар пайи шиканҷа фавтидааст", - хабар дод як манбаъ аз ВКД.

Як манбаи дигар сабаби аз мақом барканор шудани мансабдоронро ба гунаи дигар шарҳ дод. "Нуҳ корманди боздоштгоҳи тафтишотии ВКД ҳар шаб дар ивази 2000 доллар боздоштшудаҳоро либоси милиса пӯшонида, ба хонаашон мебурдаанд. Миёни чунин боздоштшудаҳо мақомдорони пешин ҳам буданд, ки дар натиҷа ин хабарҳо боиси аз мақом барканор шудани мансабдорон гардид", - гуфт манбаъ.

"Дар ҳоли ҳозир мансабдорони барканоршуда дар асоси моддаи "Хунукназарӣ" бозпурсӣ мешаванд", - гуфт манбаъ.

XS
SM
MD
LG