Ссылки доступа

Баъди таҳқиқоти берунбарории миллионҳо доллар аз Қирғизистон, порлумон истеъфои ҳукуматро хост


Достон Бекешев, вакили порлумони Қирғизистон дар шарҳи таҳқиқоти рӯзноманигорӣ дар бораи фасодкории хадамоти гумруки он кишвар пешниҳод кард, ки порлумон ҳукуматро ба истеъфо фиристад.

"Нахуст бояд бехатарии рӯзноманигорон таъмин шавад. Ин таҳқиқоти ҷиддӣ аст. Дувум, бояд роҳбарони Додситонии кул, пулиси молӣ, КДАМ ва Хадамоти гумрук ба истеъфо фиристода шаванд. Дар курсии онҳо касонеро бояд шинон, ки ҷомеа ба онҳо эътимод дорад. Ва мо бояд аз роҳбарони нав тафтиши амиқро талаб кунем. Бояд парвандаи ҷиноӣ боз, пажуҳиш анҷом ва ҳамаи гунаҳкорон ҷазо дода шаванд. Мо, вакилон, бояд ҳукуматро ба истеъфо фиристем. Эътимоде дигар ба ҳукумат намондааст", - гуфт Бекешев.

Ин вакил дар сомонааш навишт, ки кишвар "дар ихтиёри қочоқбарон, фасодкорон, гуруҳҳои ҷиноӣ ва пулшӯён аст". Вай ҳамчунин аз шаҳрвандон хост, ки бетараф набошанд.

Алмамбет Шикмаматов, роҳбари ҷиноҳи порлумонии "Ота Макон" бар ин назар аст, пажуҳиши рӯзноманигорӣ дар бораи фасодкорӣ ба мақомоти қудратӣ асос медиҳад, ки тафтишотро шуруъ кунанд.

Вай гуфт, президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков бояд ба ин таҳқиқот вокуниш нишон диҳад. "Президент раиси Шӯрои амният аст. Ҳамчун роҳбаре, ки бо фасод мубориза мебарад, вай вазифадор аст, ба таҳқиқот вокуниш нишон диҳад. Агар вокунише нишон дода нашавад, пас ин нишонаи он аст, ки ҳукумат дар фасод ғарқ шудааст", - гуфт вакил.

Бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар якҷоягӣ бо Маркази таҳқиқоти фасодкорӣ ва ҷиноятҳои созмонёфта (OCCRP) ва сомонаи Kloop.kg қисмати дувуми таҳқиқоти рӯзноманигориро дар бораи ба хориҷ бурдани 700 миллион доллар аз Қирғизистон нашр карданд. Рӯзи 10 ноябр дар шаҳри Истамбули Туркия яке аз чеҳраҳои калидии таҳқиқоти рӯзноманигорӣ - тоҷири чинӣ Айэркен Саймаитӣ кушта шуд. Вай дар суҳбат бо рӯзноманигорон иқрор шуда буд, ки хонаводаи муовини пешини раиси Хадамоти гумрук Раимбек Матраимов дар фасодкорӣ даст дорад.

XS
SM
MD
LG