Ссылки доступа

Кумитаи СММ аз Тоҷикистон хост, ба ду сокини Суғд ҷуброн бипардозад


Кумитаи Ҳуқуқи Башари Созмони Милал аз давлати Тоҷикистон хостааст, барои бадрафторӣ бо як шаҳрванд ва азияти равонии ҳамсари ӯ ба ҳарду ҷуброни маънавӣ бипардозад ва онҳоеро, ки ҳуқуқи ин шаҳрвандонро помол кардаанд, ба ҷавобгарӣ бикашад.

Кумита баъди баррасии шикояти Илҳом Исмонов ва ҳамсараш Зарина Наҷмиддинова ба ин натиҷа расидааст, ки мақомоти интизомии Тоҷикистон ҳангоми боздошт, бозпурсӣ ва баъдан нигаҳдории Илҳом Исмонов аз шаҳри Хуҷанд ба қонуншиканиҳои зиёде роҳ дода ва мухолиф ба санадҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон амал кардаанд, ки Тоҷикистон ҳам ба онҳо пайвастааст.

Қазияи Илҳом Исмонов ба 9 соли пеш бармегардад ва ба нахустин ҳамлаи маргталабона дар Тоҷикистон рабт мегирад, ки 3 -уми сентябри соли 2010 дар шаҳри Хуҷанд сурат гирифт. Дар он рӯз як фарди маргталаб мошини бомбгузоршударо ба дари Раёсати минтақавии мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилона дар вилояти Суғд равона кард. Дар натиҷаи таркиши мошин 4 нафар, се корманди раёсат ва маргталаб кушта шуданд ва 26 нафари дигар аз ҷумла 5 раҳгузар ҷароҳат бардоштанд.

Хулосаҳои гуруҳи ҳуқуқдонҳои Кумитаи Ҳуқуқи Башари Созмони Милал рӯзи 9-уми ноябр нашр шуд ва як нусхаи онро рӯзи 24-уми ноябр Радиои Озодӣ ҳам дид. Баъди баррасии шикоят ҳуқуқдонон гуфтаанд, аз шикояти гирифтаи муддаиён Илҳом Исмонов ва Зарина Наҷмиддинова ва ҳам посухҳои давлати Тоҷикистон ба ҳуқуқдонҳо чунин бармеояд, ки мақомот ба қонуншиканиҳо роҳ додаанд.

Илҳом Исмоновро баъди ҳамлаи маргталабона дар рӯзи 3-уми ноябри соли 2010 дастгир карда ва баъдан ӯро бо гуноҳи ташкили гурӯҳи ҷиноӣ ва даст доштан дар ҳамла ба 8 соли зиндон маҳкум карданд. Аммо Илҳом Исмонов гуфтааст, ки ҳеҷ гуноҳе надошт ва зери азобу шиканҷаи зиёд иттиҳомро эътироф кард. Дар шикояти ӯ ба Кумитаи Ҳуқуқи Башари Созмони Милал омадааст, ки ӯро ба нерӯи барқ монданд, ба ҳадде латукӯб карданд, ки роҳ рафта ҳам наметавонист.

Ба гуфтаи вакили дифоаш Илҳом Исмоновро рӯзи 3-уми ноябр аз хонааш рабуда дар байни 7 рӯз аз як боздоштгоҳ ба боздоштгоҳи дигар бурдаанд, ҳеҷ иттиҳоме ҳам эълон накардаанд, хешовандонашро ҳам дар ҷараён нагузоштаанд. Гузашта аз ин ба ӯ на вакили дифоъ додаанд ва дар идораи умури дохилӣ ҳам расман боздошти ӯро сабт накардаанд.

Давлати Тоҷикистон дар посух ба ин шикоят эътироф кардааст, ки дар воқеъ ин ҳодиса будааст ва ду афсар барои қонуншиканӣ танбеҳ гирифтаанд. Аммо дар посухаш давлат шарҳ надодааст, ки афсарон чӣ танбеҳ гирифтаанд.

Кумитаи Ҳуқуқи Башари Созмони Милал гуфтааст, ки зимни таҳқиқи шикоят маълум шуд, ки мақомоти Тоҷикистон чандин банди Аҳдномаи Байналмилалии Ҳуқуқи Маданӣ ва Сиёсиро риоят накардаанд ва бояд барои беэътиноӣ ба ҳуқуқи Илҳом Исмонов ва озори равонии ҳамсари ӯ ба ҳарду ҷуброн бипардозанд. Айни замон як ҳуқуқдони кумита нисбат ба ин арзёбӣ эрод доштааст.

XS
SM
MD
LG