Ссылки доступа

Марди ӯзбек барои "бисёрзанӣ" 1 сол шартан аз озодӣ маҳрум шуд


Додгоҳи Ӯзбекистон як сокини ноҳияи Ғиждувони вилояти Бухороро барои "бисёрзанӣ" як сол шартан аз озодӣ маҳрум кард.

Ба иттилои хабаргузории Daryo.uz, ин мард соли 2016 сарфи назар аз ақди никоҳи расмии худ бо зани дигаре издивоҷ кардааст. Мард гуфтааст, зани якумаш бемор буд ва наметавонист писар таваллуд кунад.

Ҳамсари дувуми мард соли 2018 писар таваллуд кардааст. Сокини Ғиждувон дар додгоҳ ба гуноҳи худ иқрор карда, вале гуфта, ки бо вуҷуди издивоҷи дувум барои ҳамсари якум ва ду духтараш тамоми шароити заруриро фароҳам карда буд.

Додгоҳ бар асоси банди 126 (Бисёрзанӣ)-и Кодекси ҷиноӣ, озодии сокини Ғиждувонро як сол маҳдуд кард.

XS
SM
MD
LG