Ссылки доступа

"Қанд занад мардуми тоҷик..." (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Чи гуна аз Қирғизистон миллионҳо долларро ба хориҷ бурданд. Бахши қирғизии Радиои Озодӣ таҳқиқоти рӯзноманигорӣ дар бораи ба хориҷ бурдани ҳадди ақал 700 миллион долларро нашр мекунад (видео)

- Барфи аввал дар Душанбе (бидуни шарҳ)

- Ваъдаи кор дар Чехия дурӯғ баромад. Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Товус Хушқадамова ва Бахтиёр Арбобов, ду масъули ширкати "Гардуна"-ро бо гуноҳи фиреби даҳҳо нафар ва аз худ кардани 90 ҳазор доллари онҳо 8 сол зиндонӣ кардааст. Ҳоли ҳозир ду намояндаи дигари ширкати "Гардуна" дар ҷустуҷӯ ҳастанд (видео)

- "Қанд занад мардуми тоҷик..." Доду фарёд ва имдодхоҳии муҳоҷири тоҷик дар Русия, гурез ба ошёнаи 25-уми бино аз тарси милиса, қатори мошинҳо ва фарёди ронандагон дар Душанбе ва назарҳои тоҷикон ба эътирозҳои Эрон аз мавзуъҳои барномаи имрӯз аст.

- Волидонаш мегӯянд, Бахтовари беморро ба артиш бурданианд. Волидони як сарбоз, ки пас аз аз чанд рӯзи хизмат ҷарроҳӣ шудааст, аз талошҳои масъулин барои дубора ба артиш баргардонидани фарзандашон изҳори нигаронӣ мекунанд (видео)

- Ҷудоӣ ва оқибатҳои бади он барои Тоҷикистон. Ҳар рӯз дар Тоҷикистон 34 ҷуфт аз ҳам ҷудо мешаванд. Дахолати ҷониби сеюм, зӯроварӣ ба зан, вазъи иқтисодӣ, ҷудоии тӯлонии ҳамсарон, надоштани хонаи алоҳидаро аз омилҳое меноманд, ки “сутуни асосии ҷомеа” дар ҳар кишвар аз ҷумла Тоҷикистонро мешикананд (видео)

- Хонаводае бо ҳафт фарзанд дар бинои мағоза зиндагӣ дорад (видео)

- Сармояи муштарак дар Дубай. Ҳамсари Раимбек Матраимов, муовини пешини хадамоти гумруки Қирғизистон дар Дубай ҳамроҳ бо хонаводаи сарватманди ӯйғур Абдуқодир тарҳи сохтмонии муштарак дорад. Ин тиҷорат то кунун зери соя буд​ (Радиои "Азаттик", Клооп ва OCCRP​)

- Саргузашти Айеркен Саймаитӣ, ки 700 млн долларро тавассути Қирғизистон ба хориҷ бурдааст (Радиои "Азаттик", Kloop ва OCCRP​)

- «Шохиси терроризм»: Қазоқистон ва ҷаҳон (инфографика)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG