Ссылки доступа

Пирӯзии чашмгири мухолифони Чин дар интихоботи Ҳонгконг


Мухолифони сиёсатҳои Чин дар Ҳонгконг дар нахустин интихоботи нисбатан озоди ин минтақа, пас аз моҳҳо эътироз тавонистанд ба пирӯзии чашмгир бирасанд.

Ба бовари бисёре аз нозирон ва коршиносон, ин интихобот ба унвони имтиҳоне барои санҷиши мизони ҳимоят аз Каррие Лам, мудири иҷроии Ҳонгконг аст, ки ба маҳдуд кардани озодии шаҳрвандон ба нафъи ҳукумати марказӣ дар Чин муттаҳам аст.

Тавре расонаҳои маҳаллӣ гузориш додаанд, мухолифони сиёсатҳои Чин, ки хостори озодии бештар ва интихоботи умумӣ барои ҳама ниҳодҳои қонунӣ ва иҷроӣ ҳастанд, тавонистанд то соати 8-и субҳи душанбе аксари курсиҳоро ба даст оваранд ва соҳиби 333 курсӣ шаванд, дар ҳоле, ки тарафдорони Пекин 52 курсӣ ба даст овардаанд.

Ин дар муқоиса бо ду давраи пеш, ҳатто дар муқоиса бо эътирозҳои пешин дар панҷ соли пеш низ шикасти сахте ба шумор меравад. Шӯро ё порлумони Ҳонгконг 425 курсӣ дорад ва ҳудуди 1000 номзад барои роҳ пайдо кардан ба он рақобат карданд. Аксарияти курсиҳо ин шӯро то ба ҳол дар ихтиёри намояндагони тарафдори Чин буд.

Ин интихобот пас аз моҳҳо эътирозҳо дар ин минтақаи вижаи таҳти идораи Чин баргузор шуд. Ин эътирозҳо ба хушунат кашида шуд ва ба ҳамин сабаб низ интихоботи ахир навъе аз ҳамапурсӣ хонда мешавад. Шаҳрвандон ба шакли бесобиқа дар ин раъйпурсӣ иштирок карданд ва 71 дарсад аз афроди дорои ҳаққи райъ, ба ҳавзаҳои овоздиҳӣ ҳозир шуданд. Шумораи раъйдиҳандагон тайи солҳои гузашта ҳудуди 37 то 47 дарсад буд, дар ҳоле, ки соли ҷорӣ бесобиқа будааст.

Шӯрои маҳаллӣ ҳам нақши машваратӣ дорад ва ҳам дар масъалаҳое монанди вазъи иҷтимоии мардум, зиндагии рӯзмарраи шаҳрвандон дар минтақаҳои мухталифи ин нимҷазира, ҷудо кардани буҷа ба масъалаҳои муҳити зист, фаъолиятҳои фарҳангӣ, ҳунарӣ ва монанди инҳо нақш иҷро мекунад. Тасмимҳои ин шӯро паёмадҳои мустақиме бар зиндагии рӯзмарраи шаҳрвандон, ба вижа пиронсолон, афроди камдаромад ва дигарон мегузорад.

Ҳонгконг аз чанд моҳ ба ин тараф саҳнаи эътирозҳо ва тазоҳуроте аст. Эътирозҳо нахуст ба тарҳи истирдоди гумонбаршудаҳо ба Чин оғоз шуд. Аммо таъхири ин тарҳ, монеи идомаи эътирозҳо нашуд.

Ин эътирозҳо ба таври бесобиқа дар таърихи муосири Ҳонгконк ба хушунат кашида шуд. Эътирозгарон нигарони он ҳастанд, ки Чин қадам ба қадам дар ҳоли маҳдуд кардани озодиҳои ин минтақаи вижа аст. Пекин ҳамеша таъкид дорад, ки ба модели "Як кишвар ва ду низом" вафодор хоҳад монд, дар ҳоле кишварҳои хориҷиро муттаҳам ба "дахолат" кардааст.

XS
SM
MD
LG