Ссылки доступа

Дар Бишкек зидди фасодкорӣ тазоҳуроти осоишта баргузор шуд (видео)


Дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон зидди фасодкорӣ тазоҳуроти осоишта баргузор шуд. Сокинон гуфтанд, тасмими ташкили тазоҳуротро пас аз нашри таҳқиқоти фасодкорӣ дар мақомоти гумруки Қирғизистон гирифтаанд.

Эътирозгарон се талаб доштанд. Муовини пешини раиси хадамоти гумруки Қирғизистон Райимбек Мамадраимов боздошт, ҳамаи дузду ғоратгарон зиндонӣ ва ислоҳоти воқеӣ гузаронида шавад. Таҷаммуъгарон пас аз садо додани суруди миллӣ шиор партофта, баъди ҷамъоварии имзо пароканда шуданд.

"Имзоҳоро барои он ҷамъ мекунем, ки талабҳои худро ба ҳукумат ва президент фиристем. Ин тазоҳурот нахустин ишора аст ва мо вокуниши ҳукуматро то охири ҳафта мунтазир хоҳем монд", - изҳор дошт яке аз фаъолони мадании Бишкек Улан Усойун.

Ба маҳалли тазоҳурот сардори пулиси ноҳияи Якуми май Оқилбек Азакеев ҳозир шуда, гуфт, бо қарори додгоҳ аз 13 ноябр баргузории ҳама гуна ҳамоишҳои эътирозӣ дар пойтахти Қирғизистон ба иллати баргузории бозии футбол, ҷаласаи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ва сафари президенти Қазоқистон манъ аст.

Вале ҳуқуқшиносон гуфтанд, қарори додгоҳ маҳз ба тазоҳуроте рабт дошт, ки бояд 13 ноябр баргузор мешуд. Сипас кормандони пулис маҳалли тазоҳуротро тарк карданд.

Бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар якҷоягӣ бо Маркази таҳқиқоти фасодкорӣ ва ҷиноятҳои созмонёфта (OCCRP) ва сомонаи Kloop.kg қисмати дувуми таҳқиқоти рӯзноманигориро дар бораи ба хориҷ бурдани 700 миллион доллар аз Қирғизистон нашр карданд. Рӯзи 10 ноябр дар шаҳри Истамбули Туркия яке аз чеҳраҳои калидии таҳқиқоти рӯзноманигорӣ - тоҷири чинӣ Айэркен Саймаитӣ кушта шуд. Вай дар суҳбат бо рӯзноманигорон иқрор шуда буд, ки хонаводаи муовини пешини раиси Хадамоти гумрук Раимбек Матраимов дар фасодкорӣ даст дорад.

XS
SM
MD
LG