Ссылки доступа

"Мубаллиғони терроризм" ва "ангезандагони бадбинӣ"-ро дар Қазоқистон ба маҳбас фиристоданд


Ҳашт зиндонии парвандаи "таблиғи терроризм" ва "ангезондани бадбинӣ" дар Қазоқистон ба ҳабс фиристода шуданд. Дар ин бора хешовандони зиндониён хабар доданд.

Ба гуфтаи онҳо, танҳо як тан аз онҳо дар маҳбаси вилояти Алмато боқӣ монд. Дигаронро ба маҳбасҳои вилоятҳои Чимкент, Оқтеппа, Қарағанда ва Қазоқистони Шимолӣ фиристоданд.

Хешовандон мегӯянд, ҳукми додгоҳ танҳо 29 ноябр қувваи қонунӣ пайдо мекунад. Ба гуфтаи онҳо, фиристодани зиндониён ба маҳбас барои адои ҷазо эҳтимол дорад, ки ғайриқонунӣ бошад.

Ба иттилои додгоҳ, Болатбек Нургалиев, яке аз айбдоршавандаҳо, дар паёмрасони WhatsApp барои "таблиғи терроризм ва ақидаҳои салафия" гуруҳ таъсис дода, дигаронро ба он шомил кардааст. Ин одамон аз минтақаҳои мухталифи Қазоқистон дар гуруҳ ҷамъ шуда, "бо дарки хилофи қонун будани рафторашон... мавзуъҳои марбут ба динро баҳсу баррасӣ карда, барқасдона ба изҳороти тундагроёна даст задаанд, ки терроризмро таблиғ карда, бадбинии диниро барангехтааст".

Созмони ҳомии ҳуқуқи "Алянс Тирек"-и Қазоқистон гуфт, маҳкумшудаҳои мазкур ба хотири ақидаи диниашон таъқиб шудаанд.

XS
SM
MD
LG