Ссылки доступа

Дар ҳамла ба мошини СММ дар Кобул як хориҷӣ кушта шуд


Дар шаҳри Кобули Афғонистон рӯзи 24 ноябр дар натиҷаи ҳамла ба мошини СММ як шаҳрванди хориҷӣ кушта шудааст.

Нусрат Раҳимӣ, сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Афғонистон хабар дод, ки панҷ тани дигар дар он ҳамла маҷруҳ шудаанд.

То кунун масъулияти ин ҳамларо касе ба душ нагирифтааст, аммо дар гузашта масъулияти аксари ҳамлаҳои ҳамсонро ҷангҷӯёни ҳаракати мамнуъи "Толибон" ва гуруҳи тундгарои "Давлати исломӣ" ба душ гирифта буданд.

Дар ноҳияи Каҷрони вилояти Дайкундии Афғонистон ҳадди ақал ҳашт низомӣ дар натиҷаи ҳамлаи толибон кушта шуд. Анвар Раҳимӣ, раиси вилояти Дайкундӣ гуфт, ки дар ин ҳамла чаҳор низомии дигар маҷруҳ шудааст. Ба гуфтаи вай, дар бархӯрди рӯзи 24 ноябр на камтар аз 20 ҷангҷӯ кушта шудааст.

Қорӣ Юсуф Аҳмадӣ, намояндаи "Толибон" масъулияти ҳамлаи рӯзи 24 ноябри вилояти Дайкундиро ба зимма гирифт.

XS
SM
MD
LG