Ссылки доступа

Дар саммити СПАД дар Бишкек 21 масъала баррасӣ мешавад


Дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон 28 ноябр саммити Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) баргузор хоҳад шуд. Дар ин бора сардори шуъбаи сиёсати хориҷии дастгоҳи президенти Қирғизистон Даниёр Сидиқов иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, дар саммит президентҳои Белорус, Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон ва сарвазири Арманистон иштирок хоҳанд кард. Раҳбарони кишварҳои мазкур 21 масъаларо баррасӣ мекунанд.

"Дар ҷаласа бо ташаббуси Қирғизистон изҳорот дар бораи ҳамкориҳои муштарак барои мубориза бо таҳдидҳои минтақавию ҷаҳонӣ имзо хоҳад шуд. Ҳамчунин дар доираи он ҷаласаи вазирони хориҷиву дифоъ ва котибони Шӯрои амнияти кишварҳои СПАД баргузор мешавад", - афзуд ӯ.

Ҳамчунин президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев рӯзи 27 ноябр ба Қирғизистон сафари давлатӣ анҷом хоҳад дод.

СПАД дар соли 1992 таъсис шуда, айни ҳол Қирғизистон, Қазоқистон, Русия, Тоҷикистон ва Белорус аъзои он ҳастанд. СПАД бо ҳадафи "тақвияти сулҳ, амнияту устуворӣ дар минтақа ва ҷаҳон, ҳифзи дастаҷамъии истиқлол, ягонагии марзӣ ва тамомияти арзии кишварҳои узв таъсис шудааст".

XS
SM
MD
LG