Ссылки доступа

Bloomberg: конҳои нафту гази Туркманистон ҳаворо баробар бо миллионҳо мошин олуда мекунанд


Дар натиҷаи назорати вулқонҳо тавассути моҳвора муайян карда шуд, ки конҳои нафту гази Туркманистон ҳаворо баробар ба миллионҳо мошин олуда мекунанд.

Хабаргузории "Bloomberg" 23 ноябр иттилоъ дод, ки ширкати GHGSat Inc, назораткунандаи вулқонҳо тавассути моҳвора муайян кардааст, ки дар Осиёи Марказӣ манбаи партоби газ ба ҳаво конҳои нафту газ ҳастанд.

Ширкат ҳангоми назорати ҳаҷми партоби газҳои гулхонаӣ аз вулқонҳо се нуқтаи равшанро ошкор кардааст. Ширкат пас аз санҷиш дар гузориши худ гуфтааст, ки замони назорати олудагиҳои вулқонҳо ҳалқаи бузурги газҳоеро ошкор кард, ки ба эҳтимоли зиёд, аз конҳои нафту гази "Корпеҷ-Гуртгуйӣ" дар ғарби Туркманистон хориҷ мешаванд.

Бахши туркмании Радиои Озодӣ соли 2010 иттилоъ дода буд, ки дар кони "Корпеҷ-Гуртгуйӣ"-и Туркманистон бо маблағи 40 миллион доллар маҷмааи коркарди нафту газ бунёд карда шуд.

Ба гуфтаи президенти GHGSat Стефане Жермен (Stephane Germain), ин партобҳо дар аксҳое омадаанд, ки аз аввали соли 2018 то моҳи феврали соли 2019 гирифта шуда буданд. Сипас ширкат ба дипломатҳои ИМА, Канада ва Аврупо муроҷиат карда, хост, дар бораи хориҷшавии метан Туркманистонро огаҳ кунанд. Ба гуфтаи ӯ, мақомоти туркман ҳарчанд бо ширкат тамос нагирифтанд, вале дар аксҳои ахир партоби метан мушоҳида намешавад.

Жермен гуфт, метане, ки аз конҳои нафту гази Туркманистон хориҷ мешуд, ҳаворо баробар ба миллионҳо мошин олуда мекард.

XS
SM
MD
LG