Ссылки доступа

Баҳси нархи пахта дар порлумони Тоҷикистон. Айби миёнаравҳо ё биржаи Ливерпул?


Мавсими имсолаи ҷамъоварии пахта дар Тоҷикистон ба анҷом мерасад. Арзонии ҳосили дастранҷи деҳқонон ва "хилофкории миёнаравҳо" мавзӯи баҳси доғе дар Маҷлиси Намояндагон шуд.

Ба иттилои вазири кишоварзӣ, ширкатҳое, ки ба коркард ва содироти пахта машғуланд, имсол нархи як килои онро ҳудуди 4 сомонӣ (баробар ба тақрибан 40 сенти амрикоӣ) таъйин кардаанд. Деҳқонон мегӯянд, ин маблағ хароҷотро намепӯшонад. Ширкатҳои пахтатозакунӣ мегӯянд, нархи пахта дар бозори ҷаҳонӣ, аз ҷумла биржаи Ливерпул, нисбат ба соле пеш арзон шудааст ва далели поин рафтани қимати он дар Тоҷикистон низ ҳамин аст.

Бино ба маълумоти Оҷонси омори Тоҷикистон, хирмани имсолаи кишоварзон наздик ба 400 ҳазор тонна пахта дорад.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси палатаи поёнии порлумон рӯзи 22-юми ноябр ҳангоми қабули қонуни буҷаи соли 2020 гуфт, Тоҷикистон кишвари аграрӣ аст ва ҳудуди 1 миллион нафар дар ин соҳа банди коранд, вале мақомоту идораҳои давлатӣ ба мушкили кишоварзон таваҷҷуҳ надоранд.

Вай дурустии 400 ҳазор тонна ҷамъоварӣ шудани пахтаро низ зери шубҳа гузошт ва аз мушоҳидаҳои худ гуфт, мақомоти маҳаллӣ барои аз будаш зиёд нишон додани омор тойҳои пахтаро аз як ноҳия ба ноҳияи дигар мебаранд. Зуҳуров ҳамчунон аз нархи ниҳоят пасти пахта шикоят кард, ки деҳқононро барои кишти пахта ва баланд бардоштани ҳосил ҳавасманд намекунад.

"Деҳқон пахтаро мечинад ва дар корхонаи пахтатозакунии ҳудуди ноҳия ҳосилро супорида наметавонад. Як нафари дигар меояд, деҳқон маҷбур аст, пахтаро бо нархи арзон – 4 сомонӣ – ба ӯ супорад. Вай гирифта, мебарад ва ҳаққи худашро мегираду ба корхонаи дигар месупорад. Охир, инро пешгирӣ бояд кунем?! Вазорати кишоварзӣ сиёсатро пеш мебарад, корхонаҳои пахтаро бояд ҷамъ кунанд," -- афзуд ӯ.

Изаттулло Сатторӣ, вазири кишоварзии Тоҷикистон эроди раиси порлумонро ба ҷо хонд ва гуфт, "воқеан, миёнаравҳо ва моликони корхонаҳои пахтатозакунӣ нархи пахтаро ниҳоят арзон кардаанд, ки кишоварзонро ба кор ҳавасманд намекунад."

Ӯ гуфт, дар ҳоле ки ба ҳисоби Вазорати кишоварзӣ нархи як кило пахта 6 сомониву 70 дирам аст, корхонаҳои пахта аз деҳқон онро бо нархи ночизи 3,5 - 4 сомонӣ мехаранд.

"То ба имрӯз як масъала ҳалли худро наёфтааст: дар ҷумҳурӣ 136 корхонаи пахтатозакунӣ кор мекунанд, аммо ба ягон идораи давлатӣ тобеъ нест, худашон шоҳу табъашон вазир аст, кадом нархеро, ки салоҳ донанд, барои пахта таъйин мекунанд. Дар сурате ки корхонаҳо пахтаро ҳадди ақал 6 сомонӣ қабул мекарданд, истеҳсоли пахта дар мо то ба 450 ҳазор тонна мерасид," -- гуфт вазири кишоварзӣ.

Мақсудҷон Отабеков, агрономи созмони "Нексигол", ки ба кишоварзони тоҷик машварат медиҳад, гуфт, хоҷагиҳои деҳқонӣ барои парвариши пахта дар ҳар гектар замин дастикам 10 ҳазор сомонӣ харҷ мекунанд ва он нархе, ки корхонаҳои пахтатозакунӣ таъйин кардаанд, бо харҷи кишоварзон рост намеояд. "Агар ин масъаларо ҳукумат баррасӣ карда, бо ягон шакле ба деҳқонон ёрӣ накунад, ҳамаашон муфлис (бонкрот) хоҳанд шуд," -- гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, корхонаҳои пахтатозакунӣ сабаби арзон шудани нархи қабули пахтаро ба нархи бозорҳои ҷаҳонӣ пайванд медиҳанд.

Айни замон нархи як фунт (як фунт 453 грам) нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ аз ҷумла биржаи Ливерпул 65 сенти амрикоӣ аст. Бо ин ҳисоб як кило нахи пахта 1 доллару 30 сенти амрикоӣ ва ё 13 сомонӣ аст.

Мувофиқи омори расмӣ, имсол Тоҷикистон 397 ҳазор тонна пахта ҷамъ овардааст.

XS
SM
MD
LG