Ссылки доступа

Эътирозгарони Бишкек талабҳои худро ба вакилон ва президент расонданд


Иштирокдорони тазоҳуроти осоиштаи зидди фасод талабҳои худро ба вакилони порлумон ва президенти Қирғизистон пешниҳод карданд. Зери санад 335 иштирокчии тазоҳурот имзо гузоштааст.

Дар санад омадааст, "шаҳрвандони Қирғизистон талаб доранд, ки ба таҳқиқот дар бораи берун бурдани 700 миллион доллар вокуниши муносиб дода шавад". Фаъолони қирғиз ҳамчунин истеъфои раҳбарони тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ба ҷавобгарӣ кашидани онҳоеро талаб карданд, ки дар нақшаи фасодкорӣ ва берун бурдани 700 миллион доллар даст доранд.

Бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар якҷоягӣ бо Маркази таҳқиқоти фасодкорӣ ва ҷиноятҳои созмонёфта (OCCRP) ва сомонаи Kloop.kg қисмати дувуми таҳқиқоти рӯзноманигориро дар бораи ба хориҷ бурдани 700 миллион доллар аз Қирғизистон нашр карданд. Рӯзи 10 ноябр дар шаҳри Истамбули Туркия яке аз чеҳраҳои калидии таҳқиқоти рӯзноманигорӣ - тоҷири чинӣ Айэркен Саймаитӣ кушта шуд. Вай дар суҳбат бо рӯзноманигорон иқрор шуда буд, ки хонаводаи муовини пешини раиси Хадамоти гумрук Раимбек Матраимов дар фасодкорӣ даст дорад.

Райимбек Маматраимов гуфт, омодааст барои посух гуфтан ба суолҳо дар бораи худ аз хориҷ ба Қирғизистон баргардад. Ин нуктаро ӯ дар изҳороте баён дошт, ки бародараш - вакили порлумони Қирғизистон Искандар Маматраимов 24 ноябр дар Фейсбук нашр кард. Маматраимов афзуда, ки маълумоти таҳқиқот нодуруст аст ва ӯ омодааст, инро исбот кунад.

Дар майдони марказии шаҳри Бишкек 25 ноябр зери унвони "Вокуниш" тазоҳурот баргузор шуд. Эътирозгарон аз мақомот решакан кардани фасод дар мақомоти гумрук ва ислоҳоти воқеиро талаб карданд.

XS
SM
MD
LG