Ссылки доступа

Як оҷонси шуғл дар Ӯзбекистон бештар аз 200 корҷӯро фиреб дод


Дар шаҳри Навоии Ӯзбекистон як оҷонси хусусии шуғл бештар аз 66 ҳазор доллари 211 корҷӯро аз худ кардааст.

Ба иттилои вазорати меҳнати Ӯзбекистон, корҷӯён барои пайдо кардани кор дар Куриёи Ҷанубӣ ба оҷонси мазкур муроҷиат кардаанд. Масъулони оҷонс ба ӯзбекистониҳо шуғле бо даромади 2 ҳазор доллари ИМА дар моҳ ваъда карда, аз 211 корҷӯ бештар аз 300 долларӣ ҷамъ оварда, аммо касеро ба кор нафиристодаанд.

Дар ҳоли ҳозир вазорати меҳнати Ӯзбекистон иҷозатномаи фаъолияти оҷонси хусусии шуғли "Навоӣ хусусӣ бандлик агентлигӣ"-ро бекор кардааст.

Пештар аз ин хабар расида буд, ки аз 65 оҷонси хусусии шуғл 30 оҷонс натавонистаанд, шаҳрвандонро ба хориҷ барои кор фиристанд.

XS
SM
MD
LG