Ссылки доступа

5 донишгоҳи Русия ҳуҷҷатҳои довталабони ӯзбекро ғайриқонунӣ қабул кардаанд


Хадамоти давлатии назорати сифати таълим дар Ӯзбекистон 5 донишгоҳи Русияро ба он айбдор кард, ки ҳуҷҷатҳои довталабони кишварашро барои соли таҳсили 2019-2020 бе иҷозат қабул карда, бо онҳо шартнома бастааст.

Ба огаҳии дафтари матбуотии хадамот, ин муассисаҳо Донишгоҳи давлатии системаҳои идора ва радиоэлектроникии Томск, Донишкадаи молия, иқтисод ва ҳуқуқи афсарони эҳтиётӣ, муассисаҳои таълимии хусусӣ: "Мактаби олии соҳибкорӣ", "Донишкадаи аврупоӣ-шарқӣ" ва "Донишкадаи соҳибкориву технологияи иттилоотии Сибир" ҳастанд.

Манбаъ мегӯяд, дар ин миён донишгоҳҳои дигари Русия низ мавҷуданд, ки қонунҳои Ӯзбекистонро нодида мегиранд.

Бар асоси қонунгзории Ӯзбекистон дар бахши маориф, шаҳодатномаи муассисаҳои таълимии ғайридавлатие, ки дар қайди Хадамоти давлатии назорати сифати таълими ин кишвар нестанд, эътибори ҳуқуқӣ надорад.

XS
SM
MD
LG