Ссылки доступа

Сафари давлатии президенти Қазоқистон ба Қирғизистон


Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон рӯзи 27 ноябр бо сафари давлатӣ ба Қирғизистон омад.

Аз маркази матбуотии президенти Қирғизистон хабар доданд, ки дар фурудгоҳи "Манас" Тоқаевро ҳамтои қирғизаш Сооронбой Ҷеенбеков пешвоз гирифт.

Хабар дода мешавад, ки Тоқаев бо Ҷеенбеков мулоқот ва дар ҷаласаи 5-уми Шӯрои олии байнидавлатии Қирғизистон ва Қазоқистон ширкат меварзад. Ду роҳбари давлат ҳамчунин аз маҷмаи таърихӣ-ёдгории Ота-Бейит" ва Осорхонаи Чингиз Айтматов дидан мекунанд.

Дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон рӯзи 28 ноябр баргузории ҷаласаи Шӯрои Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) дар назар аст.

XS
SM
MD
LG