Ссылки доступа

Бердимуҳаммадов тарҳи тандиси нави алабайро тасдиқ кард


Шомуҳаммад Дурдилиев, шаҳрдори Ишқободи Туркманистон тарҳи нави тандиси навъи саги туркманиӣ - алабайро муаррифӣ кард.

Пояи ин тандис, бар асоси тарҳи нав, 36 метр дарозӣ ва 9 метр баландӣ хоҳад дошт. Худи саг шаш метр баландӣ дошта, дар пояи он бо ҳарфҳои тилоӣ Turkmen Alabayy навишта хоҳад шуд.

Расонаҳо менависанд, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон тарҳи нави тандиси алабайро тасдиқ кардааст. Бердимуҳаммадов дар моҳи сентябри соли ҷорӣ китобе дар васфи алабай навишт.

"Связь времен – туркменский алабай": Бердымухамедов воспел в стихах местных собак
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:01:12 0:00

Алабайи туркманӣ - саги чӯпонӣ буда, барои ҳифзи рама ва ҳайвонҳои дигар аз ҳамлаи ҷонварони ваҳшӣ истифода мешавад. Алабай то 70 см баландӣ дошта, вазнаш то 80 кг мерасад.

XS
SM
MD
LG