Ссылки доступа

Трамп қонуни ҳифзи ҳуқуқи инсон ва демократия дар Ҳонконгро имзо кард


Доналд Трамп, президенти ИМА рӯзи панҷшанбе лоиҳаи қонунеро имзо кард, ки нисбати афроди расмии Чину Ҳонконг таҳрим пешбинӣ мекунанд.

Бар асоси қонуни имзошуда, масъулоне таҳрим хоҳанд шуд, ки ҳуқуқи инсонро дар Ҳонконг помол ва ё эътирозҳоро дар ин минтақа маҳдуд кардаанд.

Ба ҷуз аз ҷорӣ кардани таҳримҳо, Департаменти давлатии ИМА вазифадор мешавад, ки ҳамасола сатҳи худмухтории Ҳонконгро баҳогӯзорӣ кунад. Қонуни дигаре, ки дар ИМА имзо шуд, интиқоли лавозимот ва дастгоҳҳои пулисро ба Ҳонконг манъ мекунад.

Дар Кохи сафеди ИМА гуфтанд, Трамп қонунҳои мазкурро "бо умеде имзо кард, ки роҳбарони Чину Ҳонконг нофаҳмиҳоро бо роҳи осоишта ҳал мекунанд ва ба сулҳу салоҳ мерасанд". Вазорати корҳои хориҷии Чин дар посух гуфт, қонунҳои қабулшуда "дахолати ҷиддӣ ба умури дохилии Ҳонконгу Чин буда, меъёрҳои асосии муносибатҳои байналхалқиро вайрон мекунанд".

Ин қонунҳо ҳафтаи гузашта аз сӯи порлумони ИМА қабул шуданд. Ҳадаф аз қабули онҳо ба намоиш гузоштани ҳамраъйӣ бо ширкатдорони эътирозҳои Ҳонконг унвон шудааст. То охирин лаҳзаҳо дақиқ набуд, ки оё Трамп қонунҳои мазкурро имзо хоҳад кард ё на. Эҳтимол мерафт, ки ин иқдом боиси харобии равобити тиҷории Вашингтон бо Пекин гардад.

XS
SM
MD
LG