Ссылки доступа

Пулиси Гурҷистон роҳҳои наздик ба порлумонро баст: мухолифон аз эътирозҳои нав хабар доданд


Пулиси Гурҷистон субҳи 28 ноябр роҳҳои наздик ба порлумони кишварро дар шаҳри Тифлис баст. Ин дар ҳолест, ки мухолифон эълом карданд, бо талаби тағйири низоми интихоботӣ дар кишвар рӯзи панҷшанбе дубора назди порлумон ҷамъ мешаванд.

Пулис ҳамзамон муҳофизати бинои ҳукуматро сахттар кард.

Георгий Гахария, сарвазири Гурҷистон дар ифтитоҳи ҷаласаи ҳукумат аз шаҳрвандон хост, "ба нооромии Гурҷистон" ва "муҳосира гирифтани кишвар" роҳ надиҳанд.

"Амали харобиовари мухолифон ва роҳбаронашон дар рӯзҳои охир шоҳиди он аст, ки ҳадафи ба муҳосира гирифтани кишварро доранд", - гуфт Гахария дар ҷаласаи ҳукумат.

Дар Тифлис сар аз 14 ноябр тазоҳурот давом дорад. Он рӯз порлумони Гурҷистон, ки аксарияти вакилонашро аъзои ҳизби "Орзуи Гурҷистон" ташкил медиҳад, қабули қонун дар бораи интихоботи соли 2020-ро таҳрим кард. Раиси ҳизби ҳокими "Орзуи Гурҷистон" дар тобистони соли ҷорӣ ваъда карда буд, ки қонуни мазкур қабул хоҳад шуд.

Тазоҳуроти мардум рӯзҳои 18 ва 25 ноябр ба ҷамъшавии сокинон назди бинои порлумон табдил ва монеи фаъолияти вакилон шуд. Неруҳои вижа тавассути мошинҳои обпош мардумро пароканда карданд. Дар тазоҳуроти охир 28 кас боздошт ва 3 тан маҷруҳ шуд.

Чего требуют протестующие в Тбилиси
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:20 0:00

Пештар дабири кулли ҳизби ҳокими "Орзуи Гурҷистон" Кахи Каладзе дар як нишасти хабарӣ гуфт, ҷиноҳи аксарияти порлумони ин кишвар низоми интихоботиро бозбинӣ карданӣ нест. Ӯ аз мухолифон даъват кард, ки ба интихоботи порлумонии 31 октябри соли 2020 омода шаванд.

XS
SM
MD
LG