Ссылки доступа

Роҳбари Қазоқистон ёдрас шуд, захираҳои оби минтақа "дороии муштарак"-и кишварҳои ОМ аст


Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон дар ҷараёни сафари давлатиаш ба Қирғизистон нишасти хабарӣ баргузор кард. Президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков гуфт, аз гуфтугӯҳо бо ҳамтои қазоқаш қонеъ аст.

"Мо бо қаноатмандӣ аз густариши тиҷорат байни ду кишвар ёдовар шудем. Нисбат ба соли гузашта нишондодҳои мо 10,5% боло рафтанд. Шумори корхонаҳои муштараки Қазоқистону Қирғизистон ба 1900 адад расид. Дар поини гуфтугӯҳои имрӯз чанд ҳуҷҷат имзо шуд", - гуфт Ҷеенбеков.

Қосимҷомарт Тоқаев дар ҳузури рӯзноманигорон гуфт, дар гуфтугӯҳо бештар ба равобити тиҷориву иқтисодӣ ва сармоягузорӣ таваҷҷуҳ шудааст. Ба гуфтаи вай, аз соли 2015 то 2018 гардиши мол байни ду кишвар 30 дарсад афзуда, ба наздики 900 миллион доллар расидааст.

Тоқаев ҳамчунин ба масоили обии минтақа дахл карда гуфт, "захираҳои оби дарёҳои фаромарзии Осиёи Марказӣ дороии муштарак ҳастанд". Дар робита ба ин вай зикр кард, ки истифодаи муштараки захираҳои об бояд идома кунад.

XS
SM
MD
LG