Ссылки доступа

Ҳизби ҳокими Озарбойҷон мехоҳад, порлумон пароканда шавад


Ҳизби ҳокими Озарбойҷон қарор кардааст, ки порлумони кишварро пароканда кунад, чун, ба гуфтаи ҳизб, “таркиби феълии ниҳоди қонунгузор ба сиёсатҳои пешгирифтаи раиси ҷумҳур Илҳом Алиев мувофиқат намекунад.”

Шӯрои сиёсии Ҳизби Озарбойҷони нав ба раҳбарии худи Алиев, рӯзи 28-уми ноябр ҷаласа баргузор кард ва гуфт, ки аз раиси ҷумҳур тақозо хоҳанд кард, ки интихоботи зудраси порлумонӣ эълон кунад. Қарор аст, сабабҳои чунин тасмимро дар ҷараёни рӯз дар як нишасти хабарӣ шарҳ бидиҳанд.

Масъалаи пароканда кардани порлумон рӯзи 29-уми ноябр дар ҷаласаи Маҷлиси миллии Озарбойҷон баррасӣ мешавад. Қарор буд, интихоботи ояндаи вакилон моҳи ноябри соли 2020 сурат бигирад. Ҳизби Озарбойҷони нав соли 2015 дар интихоботе пирӯз эълон шуд, ки тамоми аҳзоби мухолиф аз ширкат дар он даст кашиданд.

XS
SM
MD
LG