Ссылки доступа

Консули пешини Қирғизистон дар Истамбулро боздошт карданд


Бишкек Эркин Сопоков, консули пешини Қирғизистон дар Истамбули Туркия рӯзи 28 ноябр баъди даъват ба бозпурсӣ дар шаҳри Бишкек боздошт шуд.

Консули пешинро дар доираи парвандаи қатли тоҷири чинӣ Айеркен Саймаитӣ бозпурсӣ карданд.

Шоми 10 ноябр дар як қаҳвахонае дар минтақаи Фотеҳи шаҳри Истамбул тоҷири чинӣ Айеркен Саймаитӣ кушта шуд. Саймаитӣ дар суҳбат бо рӯзноманигорон нақл карда буд, ки чи гуна бештар аз 700 миллион долларро аз Қирғизистон ба хориҷ бурдааст. Пулиси Туркия бо гумони қатли тоҷири чинӣ се мардро боздошт кард.

Марги Саймаитӣ боиси аз мақом ронда шудани консули Қирғизистон дар Истамбул гардид. Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон тасдиқ кард, мошини дипломатие, ки дар маҳалли қатли тоҷир дида мешавад, ба консули Қирғизистон тааллуқ дорад. Сопопков натавонист шарҳ диҳад, ки чи гуна мошини вай ҳангоми қатли тоҷир дар наздикии қаҳвахона пайдо шудааст.

Ба иттилои мақомоти Қирғизистон, нисбати Сопоков 3 парванда боз шудааст. Вай дар "сӯистифода аз мақоми хизматӣ" ва "даромадҳои ғайриқонунӣ" айбдор мешавад.

XS
SM
MD
LG