Ссылки доступа

Президенти Туркманистон дар Ӯзбекистон академик шуд


Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон унвони академики фахрии Академияи илмҳои Ӯзбекистонро дарёфт кард.

Маросими эътои унвон рӯзи 28 ноябр дар қароргоҳи давлатии "Куксарой"-и шаҳри Тошканд баргузор шуд.

"Ман ин унвонро ҳамчун эҳтиром ба Туркманистон, эътирофи дастовардҳои мо дар бахши илму маориф ва ҳамчун нишони дӯстиву равобити қавии мардумони ду кишвар қабул мекунам", - гуфт Бердимуҳаммадов ҳангоми қабули унвон.

Президенти Туркманистон бо сафари дурӯзаи корӣ вориди Ӯзбекистон шуд.

Дар мулоқот бо ҳамтои ӯзбекаш Бердимуҳаммадов масоили сиёсӣ, ҳамкориҳои дуҷониба, тақвияти субот дар минтақа ва ғайраро баррасӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG