Ссылки доступа

Ба тавофи Каъба рафтанӣ буд, ба ҳавопаймо роҳаш надоданд (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Тиҷорати набераи президенти фирории Қирғизистон дар Минск. (видео Директ)

- Ҳабси блогер Жоробеков дар Қирғизистон. Дар Қирғизистон блогер Афтандил Жоробеков бо гумони барангехтани бадбинӣ ду моҳ ба ҳабс гирифта шуд. (видеои Настоящее время)​

- "64 тонна тило дорад". Ҷузъиёти ду коне, ки ба TBEA-и Чин доданд. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, конҳои "Дуобаи Шарқӣ" ва "Кумарғи Боло", ки расман ба ивази хароҷоти сохтмони Маркази барқу гармидиҳии Душанбе ба ширкати ТВЕА-и Чин дода шуд, "64 тонна тило дорад". Пештар захираи ин кон 51 тонна тило ҳисоб шуда буд (видео)

- Раҳбарони СПАД (ОДКБ) дар Бишкек чӣ гуфтанд? Нишасти раҳбарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ё ОДКБ, як созмони низомии зери назорати Русия, ки Тоҷикистон ҳам узви он аст, рӯзи 28-уми ноябр дар Бишкек бо имзои 15 санад ба поён расид (видео)

- Ба тавофи Каъба рафтанӣ буд, ба ҳавопаймо роҳаш надоданд. Даҳҳо сокини Тоҷикистонро, ки нияти ҳаҷҷи умра доштанд, аз дохили ҳавопаймо дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе гардондаанд (видео)

- Дар Сирдаёр ронандагон дар эътироз ба камчин шудани гази табиӣ роҳро бастанд​. (видео)

- Занон аз зӯроварӣ шикоят доранд. Мардон мегӯянд, на ҳамааш ҳақиқат аст. Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон гуфтанд, шикоятҳо аз хушунату зӯроварӣ нисбат ба занон афзудааст. Дар даҳ моҳ беш аз 3 ҳазор нафар ба Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Вазорати корҳои дохилӣ шикоят кардаанд, ки дар оила хушунат дидаанд (видео)

- Дар як сол беш аз 1400 нафар дар Тоҷикистон ба ВИЧ гирифтор шудаанд. Дар як соли ахир дар Тоҷикистон беш аз 1400 мавриди сироят ёфтани сокинон ба вируси норасоии масунияти бадан ё ВИЧ ошкор шудааст. Мутахассисон гуфтанд, ба ин тартиб ҳар рӯз то чаҳор нафар ба ин беморӣ мубтало мешаванд (видео)

- "Пушти ҳангомаҳо ҳукумат меистад". Таъсисдиҳандагони ҳизби нави сиёсӣ дар Қазоқистон дар бораи монеаҳо. (видео)

- Хонаводае бо ҳафт фарзанд дар бинои мағоза зиндагӣ дорад (видео)

- Саргузашти Айеркен Саймаитӣ, ки 700 млн долларро тавассути Қирғизистон ба хориҷ бурдааст (Радиои "Азаттик", Kloop ва OCCRP​)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG