Ссылки доступа

ИМА сармоягузории НАТО-ро кам, Олмон бештар мекунад


ИМА сармоягузории НАТО-ро аз 22 дарсади кунунӣ ба 16 дарсад мерасонад. Дар ин бора расонаҳои Ғарб бо истинод ба манобеи худ хабар медиҳанд.

Дар ҳамин ҳол, Олмон розӣ шудааст, ки баробар ба ИМА - 16 дарсади буҷаи иттиҳоди низомиро пардохт кунад. То ин замон саҳми Берлин дар буҷаи иттиҳод 14,8 дарсадро ташкил медод.

Ба иттилои хабаргузории AFP, бештари кишварҳои аврупоӣ розӣ шудаанд, ки саҳмашон дар буҷаи иттиҳод афзоиш диҳанд. Фаронса тасмим гирифтааст, саҳмашро дар сатҳи 10,5 фоизи пешин нигаҳ дорад.

Ҷузъиёти буҷаи иттиҳоди низомии НАТО дар ҷаласаи сарони ин иттиҳод рӯзҳои 3-4 ноябр дар Лондон баррасӣ мешавад.

Пештар аз ин президенти Фаронса фаъолияти иттиҳоди низомиро танқид карда буд. Эммануэл Макрон, президенти Фаронса дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, ки НАТО дар ҳолати "марги мағзӣ" қарор дорад. Аъзои иттиҳод ҳарфҳои Макронро танқид карданд.

Дар мулоқот бо роҳбари НАТО Йенс Столтенберг дар Порис рӯзи 28 ноябр Макрон ҳамчунин аз иттиҳод даъват кард, ки дар доираи "гуфтугӯи ногузир" бо Москва наздик шавад. Президенти Фаронса ҳамчунин хост, ба мубориза бо терроризм таваҷҷуҳ шавад. Вай аз он изҳори нигаронӣ кард, ки Фаронса дар Африқо амалан ба танҳоӣ зидди терроризм мубориза мебарад.

29 давлати аъзои НАТО дар соли 2018 ба эҳтиёҷоти низомӣ қариб 1 триллион доллар харҷ кардаанд. На ҳамаи кишварҳои узв аз ҳаҷми харҷҳои низомӣ розӣ ҳастанд.

Президенти ИМА борҳо кишварҳои аврупоии узви НАТО-ро барои он танқид кард, ки дар буҷаи иттиҳод саҳми баробар надоранд.

XS
SM
MD
LG