Ссылки доступа

Низоми нави интиқоли пул дар Тоҷикистон. Ҳама чиз аз мӯрии Бонки Миллӣ мегузарад?


Бонки Миллии Тоҷикистон хабар дод, ки низоми нави интиқоли пул дар кишварро аз ҳафтаи оянда, 3-юми декабр, фаъол мекунад ва ҳамаи даромаду баромади пул ба воситаи ин мӯрӣ сурат хоҳад гирифт. Чизе, ки пештар шабакаҳои байналмилалии интиқоли пул ва сокинонро нигарон карда буд.

Низомҳои байналмилалиро аз даст додани истиқлол ба ташвиш овардааст, сокинонро эҳтимоли боло рафтани ҳаққи хидмат. Масъулони дафтари матбуоти Бонки Миллӣ рӯзи 30-юми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, "бо фаъол шудани низоми нав, ҳаққи интиқоли маблағ ба Тоҷикистон зиёд нахоҳад шуд". Вале таъкид карданд, ки низомҳои байналмилалӣ бояд чанд шартро иҷро кунанд.

То ин дам шабакаҳои интиқоли пул мустақилона бо бонкҳои тиҷоратии кишвар кор мекарданд. Ва бо вуҷуди ин ки чаҳор моҳ боз мақомоти Тоҷикистон дар бораи ташкили низоми нав суҳбат мекунанд, то ҳол танҳо як низоми байналмилалии интиқоли пул – "Юнистрим" – ба он ҳамроҳ шудааст.

Дар сомонаи Бонки Миллӣ дар "руйхати низомҳои пардохтие, ки ҳуқуқи анҷом додани амалиёти интиқолиро дар қаламрави Тоҷикистон доранд" низ танҳо номи "Юнистрим" зикр шудааст.

Баъзе аз кормандони бонкҳо мегӯянд, "Юнистрим" дарсади хеле ками пулҳоро ба Тоҷикистон интиқол медиҳад. Ба гуфтаи онҳо, аксари пулҳои воридотӣ ба Тоҷикистон, аз ҷумла пули муҳоҷирон ба воситаи низоми "Золотая корона" сурат мегирад.

То ҳол ин шабакаи байналмилалӣ эълон накардааст, ки ба низоми миллии интиқоли пул дар Тоҷикистон мепайванданд, ё не. Дар Бонки миллии Тоҷикистон бовар доранд, ин низоми интиқоли пул ва шабакаи "Контакт" ба зудӣ ҳамроҳ хоҳанд шуд.

Тағйироти асосӣ дар ин самт ин аст, ки ширкатҳои интиқоли пул барои ҳаққи кор дар Тоҷикистон бояд узви низоми миллии интиқоли пули кишвар шаванд. Баъдан дар Бонки миллӣ ҳисоб кушоянд ва дар онҷо маблағ гузоранд. Танҳо дар сурати вуҷуд доштани маблағи ширкати пулфиристанда дар ҳисобаш дар Тоҷикистон, пули муштарӣ ба наздиконаш дода мешавад. Дар сурати ғайр – на.

Масъулони Бонки миллии Тоҷикистон мегӯянд, ҳадаф аз таъсиси низоми миллии интиқоли пул фароҳам кардани "интиқоли зуд, бехатар ва собити пул дар шакли ғайринақдӣ мебошад". Пештар масъулони Анҷумани миллии пардохтҳо дар Русия тасмими Бонки миллиро нодуруст номида буданд.

Мария Михайлова мудири ин Анҷуман, ки ширкатҳои интиқоли пули Русия узви он ҳастанд, ба Радиои Озодӣ гуфт, талаботи пешгузоштаи Тоҷикистон бо баъзе аз меъёрҳои қонунҳои Русия мухолифат дорад ва ширкатҳо наметавонанд, онҳоро иҷро кунанд.

"Чунин шакли ташкили интиқоли пул дар ягон кишвари дунё нест. Албатта ҳар кишвар системаи интиқоли худро дорад, аммо вақте гап дар бораи интиқолҳои фаромарзӣ меравад, тасмим бояд бо ду ҷониб мувофиқа шавад. Бисёр ҳайратовар аст, ки Тоҷикистон якҷониба чунин тасмим гирифт," -- гуфта буд Михайлова.

Тоҷикистон яке аз кишварҳои ҷаҳон аст, ки муҳоҷирони кориаш солона миллионҳо доллар ба хонаводаҳояшон мефиристанд ва пулҳои фиристодаи онҳо барои иқтисоди кишвар низ фавқуллода муҳим аст.

Сатҳи некӯаҳволии ҳар чаҳорумин хонавода дар Тоҷикистон ҳам ба пулҳои интиқолии муҳоҷирон вобаста аст. Дар нӯҳ моҳи имсол муҳоҷирон ба Тоҷикистон беш аз 2 миллиарду 490 миллион доллар фиристодаанд. Ин рақам ба омори панҷ-шаш соли пеш хеле кам аст, вале ҳамчунон барои кишвар ва хоонаводаҳо муҳим мемонад.

XS
SM
MD
LG