Ба иттилои вазорат, "онҳо барои таъмини бехатарӣ дар давари чорабиниҳои муҳими сиёсӣ - интихоботи порлумон ва маҷлисҳои маҳаллӣ, инчунин ҷашнҳо - таъсис шудаанд", омадааст дар хабари вазорат.
Ёдрас мешавем, рӯзи 2 декабр нуқтаҳои назоратии пулис дар шоҳроҳҳои "Фарғона-Водил" ва "Фарғона-Аввал", ки бо дастури президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бардошта шуда буданд, дубора ташкил шуданд.
Ба гуфтаи онҳое, ки дар ин шоҳроҳҳо мусофиркашонӣ мекунанд, нуқтаҳои назоратии пулис дар ноҳияи Хазари вилояти Хоразм, шаҳри Деҳнави вилояти Сурхандарё ва ноҳияи Шаҳрихони вилояти Андиҷон дубора ташкил шудаанд.
Як соҳибкор аз Фарғона гуфт, дар худи маркази ноҳияи Фарғона - Водил ҳудуди панҷ постгоҳ таъсис шудааст ва барои боз шудани чанди дигар омодагӣ дида мешавад.
Як масъули ҳукумати вилояти Фарғона гуфт, ҳадафи ташкили дубораи постҳо пешгирӣ аз қочоқи мол ба кишвар аст. Дар Вазорати умури дохилии Ӯзбекистон ҳам гуфтанд, ки постҳо барои пешгирии қочоқи мол аз Қазоқистон ба ин кишвар дубора ташкил шудаанд.
Шавкат Мирзиёев 22 декабри соли 2017 ҳангоми ироаи паём ба порлумон аз мавҷудияти ин постгоҳҳо изҳори норизоӣ кард. Ӯ гуфт, постгоҳҳо монеи ҳаракати озод мешаванд ва ба муносибатҳои тиҷориву иқтисодӣ ва саёҳати мардум таъсири манфӣ мерасонанд.
Дертар вазири корҳои дохилии Ӯзбекистон Пулод Бобоҷонов дар суҳбат бо расонаҳо хабар дод, ки дар маҷмуъ дар роҳҳои байни вилоятҳои кишвараш 133 нуқтаи назоратии пулис мавҷуд буда, ҳайати комисия баъди омӯзиш ба хулосае расиданд, ки 66 постгоҳ бояд бардошта шавад.