Ссылки доступа

"Пул намегузарад" (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ҳукми 11 зодаи Осиёи Марказӣ дар Русия. Як Додгоҳи низомӣ дар Санкт-Петербург 11 зодаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла як шаҳрванди Тоҷикистонро дар таркиши маргбор дар метрои ин шаҳр, мусоидат ба фаъолияти террористӣ, қочоқи маводи тарканда ва иштирок дар иттиҳоди террористӣ гунаҳкор донист. (видео)

- Бозпурсии хабарнигори "Азия-Плюс" ба хотири наворбардорӣ аз арчаи солинавӣ (видео)

- Сӯхтор дар ноҳияи Айнӣ (видео)

- "Пул намегузарад," -- мегӯянд муштариёни бонкҳо. Бо вуҷуди он ки мақомоти Бонки Миллии Тоҷикистон ба беҳтар шудани низоми интиқоли пул ба кишвар суҳбат мекунанд, сокинон мегӯянд, баъзан пули фиристодаи наздиконашонро ё ба сахтӣ мегиранд ё гирифта наметавонанд (видео)

- Зани тоҷик аз ширкати эронӣ нафақаи шавҳари фавтидаашро талаб дорад. Зулайхо Алимаҳмадова, сокини ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон, мегӯяд, шавҳараш соли 2012, ҳангоми кор дар ҳайати як ширкати Эрон дар маҳалли сохтмони нирӯгоҳи Роғун ба ҳалокат расид, вале ширкат аз пардохти нафақаи фарзандонаш сарпечӣ мекунад (видео)

- Ҳомиёни ҳуқуқи Қирғизистон аз президент мехоҳанд, сокинонро аз Ироқу Сурия баргардонад. (видео аз Директ)

- Дар Қазоқистон пеш аз тазоҳуроти эҳтимолӣ боздоштҳо афзоиш ёфтааст. (видеои Настоящее время)

- Стипендия дар кишварҳои пасошӯравӣ. (инфографика)​

- Муҳаммад Солеҳ: Дар ҳар ҷое, ки зулм аст, ба зидди он хоҳам буд. Муҳаммад Солеҳ, раиси “Ҳаракати мардумии Узбекистон”, дар рӯзҳое, ки кишварҳои Аврупои Шарқӣ 30-юмин солгарди фурӯпошии Шӯравии пешинро таҷлил мекунанд, ба Прага омад. Ӯ дар интихоботи президентии соли 1991 дар Узбекистон рақиби Ислом Каримов буд ва соли 1993 кишварро тарк кард (видео)

- Фаъолон аз фишор дар арафаи эътирозҳо шикоят доранд. (видео аз Қазоқистон)

- Интихобои вожаҳои соли 2019 дар ҷаҳон. Вожаи "эътироз" дар соли 2019 ба яке аз вожаҳои асосии сол табдил шуд (видеои Настоящее время)​

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG