Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон қаллобон аз корбарони сомонаҳои фаҳш "ҷарима" меситоданд


Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон тафтиши ҳолатҳои қаллобиеро шуруъ кард, ки ба ситонидани ҷарима аз корбарони сомонаҳои фаҳш рабт дорад.

ВКД аз ҳамлаи рахнагарони интернетӣ ё ҳаккероне хабар дод, ки ҳадафашон таҳдиди корбарони интернет аст.

"Вақтҳои ахир ҳангоми тамошои бархе аз махзанҳои интернетӣ (аксу навори фаҳш) аз сӯи корбарон, ҳолатҳое мушоҳида мешавад, ки ба таври худкор дар саҳифаи корбар "Огоҳии шуъбаи мубориза бо ҷиноятҳои киберии ВКД Ӯзбекистон" пайдо мегардад. Дар огоҳӣ навишта мешавад, ки корбар ба далели тамошои саҳифаҳои мамнуъ ҳудуди 30 доллар ҷарима шудааст. Корбар ин ҷаримаро бояд тариқи низоми пардохти «Webmoney» пардозад. Дар ҳолати саркашӣ кардан иттилоъ дар бораи корбар дастраси истифодабарандагони интернет хоҳад шуд", - омадааст дар хабари ВКД.

ВКД Ӯзбекистон хабар дод, ки шуъбае бо номи "мубориза зидди ҷиноятҳои киберӣ" дар вазорат мавҷуд нест ва ба илова вазорат низоми пардохти «Webmoney» низ надорад.

ВКД аз сокинон хост, ки ба таҳдиди қаллобон дода нашаванд.

XS
SM
MD
LG