Ссылки доступа

Вакилони дифои Матраимовҳо хостанд, ҳабси ҳисоби бонкии Радиои Озодӣ бекор шавад


Вакилони дифои хонаводаи Матраимовҳо аз Додгоҳи ноҳияи Свердлови шаҳри Бишкек дархост карданд, ки ҳабси ҳисоби бонкии бахши қирғизии Радиои Озодӣ, рӯзноманигор Алӣ Токтакунов, сомонаҳои 24.kg ва Kloop.kg-ро бекор кунад.

Қарор аст, имрӯз, 13 декабр дархости вакилони дифоъ баррасӣ шавад. Дар сурати қабул шудани он, ҳабси ҳисобҳои бонкӣ давоми 10 рӯз бекор мешавад. Бекор кардани ҳабси ҳисобҳои бонкии расонаҳо маънои бозпас гирифтани даъво алайҳи онҳоро надорад.

Хонаводаи Матраимовҳо 9 декабр барои ҳифзи обурӯй ва шарафи худ зидди бахши қирғизии Радиои Озодӣ, рӯзноманигор Алӣ Токтакунов, сомонаҳои 24.kg ва Kloop.kg ба додгоҳ шикоят бурданд. Додгоҳ рӯзи дигар ҳисобҳои бонкии расонаҳо, ҷамъан ҳудуди 859 ҳазор долларро ба ҳабс гирифт.

Интизор меравад, Додгоҳи Свердлови Бишкек 19 декабр баррасии шикояти Матраимовро оғоз кунад.

Бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар якҷоягӣ бо Маркази таҳқиқоти фасодкорӣ ва ҷиноятҳои созмонёфта (OCCRP) ва сомонаи Kloop.kg қисмати дувуми таҳқиқоти рӯзноманигориро дар бораи ба хориҷ бурдани 700 миллион доллар аз Қирғизистон нашр карданд. Рӯзи 10 ноябр дар шаҳри Истамбули Туркия яке аз чеҳраҳои калидии таҳқиқоти рӯзноманигорӣ - тоҷири чинӣ Айэркен Саймаитӣ кушта шуд. Вай дар суҳбат бо рӯзноманигорон иқрор шуда буд, ки хонаводаи муовини пешини раиси Хадамоти гумрук Раимбек Матраимов дар фасодкорӣ даст дорад.

Матраимов дар навбати худ гуфт, дар интиқоли ғайриқонунии 700 миллион доллар аз Қирғизистон ба хориҷ даст надорад ва маълумоти рӯзноманигорон дар таҳқиқот дурӯғ аст. Ӯ афзуд, ки дар ин бора ба додгоҳ шикоят бурдааст. Ба гуфтаи Матраимов, ӯ барои ба додгоҳи байналмилалӣ кашидани Радиои Озодӣ омодагӣ мебинад.

XS
SM
MD
LG