Ссылки доступа

ЮНЕСКО кулоҳи сафед, рақсҳои Ӯзбекистону Белорусро мероси ғайримоддӣ эътироф кард


ЮНЕСКО (Бахши СММ дар умури маориф, илм ва фарҳанг) 12 декабр номгӯи "мероси ҷаҳонии ғайримоддӣ"-ро таҷдид кард.

Ин қарор дар ҷаласаи 14-уми Кумитаи байниҳукуматии ҳифзи мероси ғайримоддӣ қабул шуд, ки тибқи анаъана меросеро дар номгӯи ЮНЕСКО ворид мекунанд, ки СММ ҳифзи онҳоро зарур меҳисобад.

Соли ҷорӣ "хороводи юревӣ"-и Белорус - ҷашне амсоли Наврӯзи аҷам шомили номгӯи ЮНЕСКО шуд. Ин ҷашн танҳо дар чанде аз деҳаҳои Белорус боқӣ мондааст. Сокинони маҳаллӣ дар ин ҷашн бори аввал баъди сипарӣ шудани фасли зимистон чорворо ба чаро мебароранд.

Дар номгӯи ЮНЕСКО аз кишварҳои пешини шӯравӣ ҳамчунин рақси хоразмии Ӯзбекистон, кулоҳи сафеди қирғизӣ ё оқ-калпак, қолибофии туркманӣ ва мактуби анъанавии арманӣ шомил шуд.

XS
SM
MD
LG