Ссылки доступа

"Газпром" ба ширкати украинӣ $2,9 млрд пардохт кард


Ширкати русии "Газпром" дар асоси қарори додгоҳи ҳакамии Стокҳолм ба ширкати "Нафту гази Украина" 2,9 миллиард доллар пардохт кард. Дар ин бора хабаргузории "Интерфакс" бо истинод ба "Газпром" иттилоъ дод.

Маблағ дар асоси созише пардохт шудааст, ки 20 декабри соли равон дар шаҳри Минск ҳосил шуда буд. Мудири иҷроияи "Нафтугази Украина" Юрий Витренко пардохт шудани маблағ ба ширкаташро тасдиқ кард. Ширкати украинӣ акнун бояд аз иддаои пардохти ҷубронпулӣ дар робита ба транзит даст кашад. Транзити газ тавассути Украина барои 5 соли дигар идома меёбад.

Додгоҳи ҳакамии Стокҳолм моҳи феврали соли 2018 қарор кард, ки "Газпром" ба ширкати украинӣ 4,5 миллиард доллар ҷуброн пардозад. "Газпром" дар посух маблағи моҳи мартро пешпардохт карда, фишорро дар лӯлаи газ поин овард.

XS
SM
MD
LG