Ссылки доступа

Таҳқиқи консерти Юлдуз Усмоноваи "қалбакӣ" дар Истаравшан. Ду нафар бозпурсӣ шуд


Чуулуу концерттин афишасы

Мақомоти интизомӣ дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд ба таҳқиқи қазияи консерти Юлдуз Усмоноваи "қалбакӣ" оғоз кардаанд. Созмондиҳандагони барномаи ҳунарӣ - ду сокини шаҳри Истаравшан - шоми 26-уми декабр ба идораи милиса даъват ва бозпурсӣ шудаанд.

Консерт бо иштироки гӯиё Юлдуз Усмонова - овозхони шинохтаи Узбекистон - рӯзи 25-уми декабр дар тарабхонаи "Садбарг"-и шаҳри Истаравшан баргузор шуда буд. Даҳҳо мухлиси Юлдуз Усмонова дар Истаравшан мегӯянд, аз лаҳзаҳои аввали консерт эҳсос карданд, ки фиреб хӯрдаанд.

Дар саҳна ғайриинтизори мухлисон на Юлдуз, балки нафаре монанд ба ӯ ҳозир шуда, овозхонӣ кардааст. Ҳар билети ин консерт, ки 350 сомонӣ арзиш дошт, ба ҳудуди 100 нафар фурӯхта шудааст.

Акбар Шарифов, сухангӯи раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, оғози бозпурсии ташкилкунандаҳои консертро тасдиқ кард.

Шерзод, яке аз баргузоркунандаҳои консерти Юлдуз Усмоноваи қалбакӣ дар Истаравшан рӯзи 27-уми декабр гуфт, шаби 26-уми декабр ӯ ва Ҷамшед ном ҳамкорашро пулиси шаҳр бозпурсӣ кард. Ба гуфтаи Шерзод, баъд аз пурсиш ӯ раҳо карда шуд, аммо Ҷамшед дар боздошт монд.

Шерзод мегӯяд, ӯ намедонад, ки чӣ тавр ба ҷойи Юлдуз Усмонова ба консерт нафари дигар ҳозир шуд. Ба гуфтаи Шерзод, дар ин барнома ӯ танҳо бахши ташкил ва ороиши толору даъвати овозхони тоҷик Хуршеди Муъминҷонро ба дӯш дошт. Даъват ва овардани Юлдуз Усмоноваро шарики ӯ Ҷамшед, ки номи аслиаш Саидҷон Ғаниев будааст, ба ӯҳда доштааст.

"Вай гуфта буд, ки ба Тошканд рафта, Юлдузро меорам. Мо ҳамаро ташкил кардем, ҳама хуб буд, мизҳоро оро додем. Вақте овозхонро оварданд, дигар намедонам, мардум ҳайрон шуд," -- афзуд Шерзод, яке аз ташкилкунандаҳои консерти ба ном Юлдуз Усмонова ва Хуршеди Муъминҷон дар Истаравшан.

Хуршеди Муъминҷон, овозхони тоҷик, ки қарор буд рӯзи 25-уми декабр ҳамроҳ бо Юлдуз Усмонова дар тарабхонаи "Садбарг" овозхонӣ кунад, гуфт, ӯ ҳам мисли ҳамаи дигар иштирокдорони консерт фиреб хӯрд.

Хуршед афзуд, хеле хушҳол буд ва интизор дошт, ки дар як саҳна бо сарояндаи маъруфи Юлдуз Усмонова ҳунарнамоӣ мекунад, аммо ба ҷойи овозхони маъруф дар толор нафари дигареро дид, ки каме ба Юлдуз монанд буд. Қомати Юлдузи қалбакӣ ба гуфтаи Хуршед, аз Юлдузи воқеӣ баландтар буд.

"Ман бо як дидан фаҳмидам ва гуфтам, ки ин Юлдуз нест. Фақат ман як чизашро нафаҳмидам, ки созмондиҳандагон моро фиреб доданд ё намояндагони Юлдуз инҳоро фиреб кард. Пешопеш ӯ ду мусиқанавозро фиристод. Инҳо гирифта ҷой карданд. Вай омад, рост рӯйи саҳна рафта, хонду баромада рафт. Мо имкон наёфтем бо ӯ суҳбат кунем," -- гуфт Хуршеди Мӯъминҷон

Нафаре, ки дар Истаравшан назди мухлисон дар нақши Юлдуз рӯи саҳна омад, ҳудуди 40 дақиқа овозхонӣ карда, толорро тарк намудааст.

Юлдуз Усмонова, овозхони узбекистонӣ дар Тоҷикистон ҳам мухлисони хеле зиёд дорад. Онҳое, ки дар Истаравшан бо умеди дидан ва шунидани садои зиндаи Юлдуз ба консерт билет харида буданд, аз он нороҳатанд, ки баргузоркунандаҳо бо фурӯши билет бо нархи гарон онҳоро фиреб доданд.

Илҳом, як сокини ин шаҳр мегӯяд, модараш мухлиси Юлдуз Усмонова аст ва ӯ ҳам бо тақдими билет хост модарашро дар Соли нав хушҳол кунад. "Модарам калонсол аст, ман ҳанӯз нахостам онҳоро нороҳат кунам ва чизе нагуфтам. Онҳо ба фикрам нафаҳмиданд. Аммо ин кори хуб нест, бо гирифтани пул мардумро фиреб доданд," -- афзуд ӯ.

Ба гуфтаи Илҳом, мисли модари ӯ аксари иштирокдорони консерт рӯзи 25-уми декабр маҳз ба хотири дидан ва шунидани садои Юлдуз Усмонова ба ин чорабинӣ рафта буданд ва бо дидани чеҳраи овозхоне, ки бо номи Юлдуз Усмонова руйи саҳна омад, дарк карданд, ки ба доми фиреб афтидаанд.

Намояндаи Юлдуз Усмонова ҳам иштироки овозхони машҳурро дар консерте дар Истаравшани Тоҷикистон рад кардааст.

Ахиран маълум шуд, ки рӯзи 25-уми декабр ба ҷои Юлдуз Усмонова назди мухлисони тоҷики ӯ на зан, балки як мард овозхонӣ кардааст. Ӯ тақлидкори узбекистонӣ Рустамхоҷа Усмонов будааст. Усмонов дар сафҳаи "Инстаграм"-аш эълон кардааст, ки ӯро нафаре бо номи Ҷамшед фиреб дода, ба як шабнишинӣ ба Истаравшан даъват кардааст. Тақлидкор гуфтааст, ӯ фикр намекард, ки иштирокдорони барнома Юлдуз Усмоноваи воқеиро интизоранд.

Дар тарабхонаи "Садбарг", ки консерти муштараки Юлдуз Усмоноваи тақаллубӣ ва Хуршеди Муъминҷон баргузор шуд, гуфтанд, онҳо намедонистанд, ки консерт бе ҳузури Юлдуз ва бо ширкати як зани дигар ташкил мешавад. Масъулини тарабхона мегӯянд, онҳо фақат бо дархости баргузоркунандаҳои консерт барояшон ҷой доданд ва дигар дар ин чорабинӣ саҳме надоранд.

XS
SM
MD
LG