Ссылки доступа

Ҳамлаи ИМА ба пойгоҳҳои ниманизомиёни тарафдори Эрон дар Ироқ ва Сурия


Шаби 29-уми декабр Амрико иттилоъ дод, ки нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар панҷ ҳадафро дар Ироқу Сурия, ки зери назари гурӯҳҳои ниманизомии мавриди ҳимояти Эрон мебошанд, мавриди ҳамлаҳои дақиқ қарор додааст.

Ба қавли Пентагон, се ҳадаф дар Ироқ ва ду ҳадаф дар Сурия ҷойгир мебошанд. Хабаргузории "Рейтез" аз нақли мақомоти низомиву амниятии Ироқ овардааст, ки се ҳамлаи ИМА дар таърихи 29-уми декабр мунҷар ба ҳалокати 18 силоҳбадаст шуда, беш аз 50 нафари дигарро маҷрӯҳ намудааст.

Рӯзи якшанбе вазири дифои ИМА Марк Эспер гуфт, дар ҳамла бар зидди қароргоҳ ва анборҳои аслиҳаи афроди гурӯҳи Ҳизбуллоҳ ё худ баталёнҳои "Ҳизбуллоҳ", ҳавопаймоҳои F-15 истифода шудаанд.

Эспер афзуд, ҳамлаҳо бо муваффақият буда, дар ҳоли зарурат такрор хоҳанд шуд. Вазири умури хориҷии Амрико Майк Помпео гуфт, ба президент Доналд Трамп дар бораи ҳамлаҳои ҳавоӣ, гузориш дода шуд.

XS
SM
MD
LG