Ссылки доступа

Амволи гумонбарони ҳаводиси Кой-Тоши Қирғизистон ба ҳабс гирифта шуд


Амволи гумонбарони ҳаводиси деҳаи Кой-Тоши Қирғизистон ба ҳабс гирифта шудааст. Дар ин бора вазорати корҳои дохилии Қирғизистон рӯзи 5 январ хабар дод.

"Дар доираи тафтишоти ҳаводиси рӯзҳои 7-8 августи соли 2019, бо ҳадафи рӯёнидани зарари ба давлат ва шаҳрвандон расида, амволи шахсони гумонбар дар содир кадани ҷиноятҳои вазнин ба ҳабс гирифта шуд", - омадааст дар иттилоияи ВКД Қирғизистон.

Рӯзҳои 7-8 август дар деҳаи Кой-Тоши ноҳияи Аламудини Қирғизистон "амалиёти иҷборан ба бозпурсӣ овардани президенти пешин Алмосбек Отамбоев" сурат гирифт. Бо қарори додгоҳ, вай ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст.

Додситонии кулли Қирғизистон Отамбоевро дар чандин ҷинояти сангин, аз ҷумла дар робита ба ҳаводиси Кой-Тош, ғайриқонунӣ озод кардани соҳибнуфузи ҷиноӣ Азиз Батукаев, фасодкорӣ ва ғайра айбдор кард. Ба гуфтаи Слесарев, дар маҷмуъ нисбати Отамбоев 14 айб эълом шудааст.

Баъди боздошти Отамбоев чанде аз тарафдорони ӯро, аз ҷумла вакилони порлумон Асел Кодуранова ва Ирина Карамушкина, вакили пешин Равшан Ҷеенбеков, мушовири пешини роҳбари давлат Кундуз Жолдубоева, раиси пешини КДАМ Абдил Сегизбоев ва дигаронро ба бозпурсӣ даъват карданд. Дар ҳоли ҳозир роҳбари пешини дастгоҳи президент Фарид Ниёзов, ҷонибдорони президенти пешин Алга Киличов, Кияз Смаилов ва Амантур Жамгирчиев бо гумони ғасби шаш корманди мақомоти Қирғизистон дар боздошт ҳастанд. Ба айни ҳамин гумон вакилони порлумон Ирина Карамушкина ва Асел Кодуранова дар ҳабси хонагӣ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG