Ссылки доступа

Трамп баъди талаби ихроҷи неруҳояш аз Ироқ ин кишварро бо таҳрим таҳдид кард


Доналд Трамп, президенти ИМА таҳдид кард, ки агар Бағдод нисбати Вашингтон "иқдомҳои душманона"-е рӯи даст гирад, ҷиддан таҳрим хоҳад шуд. Аз ҷумла гап дар бораи талаби ихроҷи неруҳои амрикоӣ аз Ироқ меравад.

"Таҳримҳои Эрон дар назари Бағдод камаҳамият хоҳанд намуд", - гуфт президенти ИМА дар суҳбат бо рӯзноманигорон рӯзи душанбеи 6 январ.

Ба гуфтаи вай, низомиҳои амрикоӣ ҳудуди Ироқро тарк нахоҳанд кард, то замоне ки ин кишвар харҷи сохтмони пойгоҳеро напардозад, ки ИМА сохтааст. "Сохтмони пойгоҳи низомӣ миллиардҳо доллар харҷ дошт. Мо нахоҳем рафт, агар онҳо харҷи моро пардохт накунанд", - гуфт Трамп.

Ахиран дар як ҷаласаи фаврӣ порлумони Ироқ қатъномаи хуруҷи низомиҳои хориҷиро аз кишвар қабул кард. Ин тасмим дар посух ба қатли генерали эронӣ Қосим Сулаймонӣ гирифта шуд. Қосим Сулаймонӣ рӯзи 3 январ дар наздикии фурудгоҳи Бағдод бо дастури Доналд Трамп кушта шуд.

Порлумони Ироқ ҳамчунин даъват кард, ки дар ҳудуди кишвар тамоми фаъолияти неруҳои хориҷӣ мамнуъ шавад.

Дар ҳоли ҳозир 5 ҳазор низомии ИМА дар Ироқ қарор дорад.

Ҳукумати Ироқ барои ихроҷи артиши ИМА аз кишвар чораҷӯӣ мекунад.

Департаменти давлатии ИМА аз ҳукумати Ироқ даъват кард, ки ин тасмимро бозбинӣ кунад. ИМА ҳамчунин аз ҳамкории ду кишвар дар мубориза зидди гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" ёдовар шудааст.

Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи нирӯҳои қудси Сипоҳи посдорони Эрон, субҳи 3-юми январ бар асари ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини амрикоӣ дар наздикии фурудгоҳи Бағдод кушта шуд. Ин ҳодиса танишҳои миёни Вашингтону Теҳронро ба авҷи худ расонд. Мақомоти Эрон ваъдаи “интиқоми сахт”-ро додаанд.

XS
SM
MD
LG