Ссылки доступа

Дар Қирғизистон аз созмонҳои иҷтимоӣ мехоҳанд, дахлу харҷашонро ошкор кунанд


Порлумони Қирғизистон дар охирин рӯзи соли 2019 лоиҳаи қонунеро ба баррасии умум гузошт, ки созмонҳои иҷтимоиро вазифадор мекунад, дахлу харҷашонро ошкор кунанд.

Ин лоиҳаи қонун тағйир додани моддаи 17 қонун дар бораи созмонҳои иҷтимоиро пешбинӣ мекунад. Лоиҳаи пешниҳодӣ талаб мекунад, ки созмонҳои иҷтимоӣ, ки аз ҳисоби грантҳои хориҷӣ ва маблағҳои дигар фаъолият мекунанд, бояд ҳамасола то 1 апрел дар бораи даромад ва харҷҳояшон ба давлат ҳисобот диҳанд.

Муаллифи тарҳ Бактибек Раимқулов - вакили порлумони Қирғизистон дар шарҳи тарҳи пешниҳодияш гуфт, ки "ин тарҳи қонун эътимоди мардумро ба созмонҳои иҷтимоӣ боло мебарад ва шаффофияти кори созмонҳоро таъмин мекунад".

Ин бори аввал нест, ки дар Қирғизистон мехоҳанд, чунин қонуне қабул шавад. Соли 2014 вакилони пешини порлумон низ мехостанд, ки ба ин монанд қонуне қабул шавад, ки мухолифони қонун онро нусхаи қонуни Русия дар бораи "агентҳои хориҷӣ" унвон карданд.

XS
SM
MD
LG