Ссылки доступа

Куҳкани дармондаи қазоқро аз зери замин берун оварданд


Куҳканеро, ки 5 январ дар кони Риддер-Соколни вилояти Қазоқистони Шарқӣ дар зери замин дар монда буд, берун оварданд. Ширкати "Қазтсинк" 7 январ хабар дод, ки амалиёти наҷоти кормандаш ба поён расид.

Ин корманди "Қазтсинк" рӯзи якшанбе дар нақб дар монда буд. Ширкат гуфт, он рӯз пас аз дарёфти хабари лағзиши замин тамоми кормандони нақбро ба берун бароварданд, вале тамос бо яке аз онҳо қатъ шуд.

Ба гуфтаи масъулони ширкат, вазъи сиҳатии кормандаш хуб буда, барои санҷиши бештар ба беморхона фиристода шуд.

Ширкат барои санҷиши ҳодисаи мазкур комиссияеро ташкил кардааст.

"Қазтсинк" бузургтарин ширкати истихроҷкунандаи мис, сурб ва металҳои қиматбаҳо аст, ки конҳоеро дар вилоятҳои Қазоқистони Шарқӣ, Қарағанда ва Акмолин дар ихтиёр дорад.

XS
SM
MD
LG