Ссылки доступа

Садама бо автобуси муҳоҷирони тоҷик ва захмӣ шудани 7 нафар


Дар натиҷаи садамаи автобуси муҳоҷирони тоҷик дар Русия ҳафт шаҳрванди Тоҷикистон маҷрӯҳ шуда, ду тани дигар, эҳтимолан шаҳрвандони Русия ба ҳалокат расидаанд.

Садама рӯзи 6-уми январ дар ҳудуди вилояти Тюмен ба вуқуъ пайвастааст. Яке аз маҷрӯҳони тоҷик зани 36-солае мебошад, ки ҳолаташ сангин арзёбӣ мешавад. Ҷумъахон Раҳмонов, табиби тоҷики корманди беморхонаи шаҳри Тоболск гуфт, ин зан дар шӯъбаи эҳёгарӣ зери назари табибон аст.

Матбуоти Русия субҳи душанбе хабар дод, ки автобуси муҳоҷирони Тоҷикистон дар ҳудуди вилояти Тюмен дучори садама шудааст. Раёсати бозрасии давлатӣ дар вилояти Тюмен гуфт, ки автобуси мусофирбар дар шоҳроҳи Тюмен-Ханти-Мансийск ба мошини боркаши ISUZU бархӯрдааст.

Ба навиштаи хабаргузории давлатии ТАСС, автобус 30 мусофир дошт ва 7 нафари онҳо ҷароҳат бардошта, 2 нафари дигар кушта шуданд. Ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати бозрасии давлатӣ дар вилояти Тюмен, қурбониёни ҳодиса дар мошини борбар нишаста буданд ва яке аз онҳо сокини деҳаи Армизони вилояти Тюмен будааст.

Ҷумъахон Раҳмонов гуфт, ки аз миёни мусофирон панҷ нафар – як зану чор мард осеби сабук дидаанд ва ба ҷонашон хатаре таҳдид намекунад. Зане, ки дар шӯъбаи эҳёгарӣ қарор дорад, Очаниссо Зокироваи 36-сола аз ноҳияи Масчоҳ будааст. Ба гуфтаи Раҳмонов, ӯ ҳамроҳи духтари дусолааш ба шаҳри Сургут мерафт ва “хушбахтона, духтарчааш саломат ва беосеб аст".

Табиб Ҷумъахон Раҳмонов гуфт, намояндагони полис дар шифохона ҳастанд ва дар бораи фалокат бо осебдидагон суҳбат карда, баёнот мегиранд.

Русия кишвари аслии муҳоҷирпазир аз Тоҷикистон аст ва солона садҳо ҳазор нафар бинобар набуди ҷойи кор дар ватан ба он кишвар мераванд. Азбаски сафар бо автобус ба Русия дар муқоиса бо ҳавопаймо ва қатор арзон аст, бисёре аз муҳоҷирон бо автобус худро ба Русия мерасонанд. Соли 2018 дар Русия беш аз 900 шаҳрванди Тоҷикистон бо сабабҳои мухталиф, аз ҷумла, дар садамаҳои автомобилӣ ҳалок шудаанд.

XS
SM
MD
LG